Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Валтер Шил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Валтер Шил
олмонӣ: Walter Scheel
1 июли 1974 30 июни 1979
Пешгузашта Густов Ҳойнимон
Ҷонишин Карл Карстенс
21 октябри 1969 16 майи 1974
Пешгузашта Уилли Брандт
Ҷонишин Hans-Dietrich Genscher[d]
21 октябри 1969 15 майи 1974
Пешгузашта Уилли Брандт
Ҷонишин Hans-Dietrich Genscher[d]
1 июли 1956 20 ноябри 1961
6 октябри 1953 6 октябри 1957
1950 1954
14 ноябри 1961 28 октябри 1966
Ҷонишин Werner Dollinger[d]
7 майи 1974 16 майи 1974
Пешгузашта Уилли Брандт
Ҷонишин Helmut Schmidt[d]
15 октябри 1957 15 октябри 1961
17 октябри 1961 17 октябри 1965
19 октябри 1965 19 октябри 1969
20 октябри 1969 22 сентябри 1972
13 декабри 1972 27 июни 1974

Таваллуд 8 июли 1919(1919-07-08)[1][2][3][…]
Даргузашт 24 августи 2016(2016-08-24)[2][3][4][…] (97 сол)
Оромгоҳ
Ҳамсар Mildred Scheel[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат[6]
Дин Evangelische Kirche in Deutschland[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Luftwaffe[d]
Рутба Таҳмабад
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Валтер Шил ё Уолтер Шейл ( олмонӣ: Walter Scheel ; 8 июли соли 1919, Солинген, Рейни Шимолӣ — Вестфалия - 24 августи 2016, Бад Кротзинген, Баден-Вюртемберг, Олмон ) - сиёсатмадори олмонӣ, аз соли 1974 то соли 1979 вазифаи Президенти федеролии Олмонро бар ӯҳда дошт.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шил соли 1919 дар Солинген, Рейни Шимолӣ — Вестфалия таваллуд шудааст. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар Luftwaffe (қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Олмини фашистӣ) хидмат кардааст, адютант ва радисти ҳавонаварди машҳури давраи ҷанг Мартин Древс [7] буд. Баъди ҷанг ба сафи Ҳизби озоди демократии Олмон дохил шуд.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1950- Узви ландтаги Рейни Шимолӣ — Вестфалия. Соли 1953 вай ба Бундестаг интихоб шуд, ки аз соли 1967 то соли 1969 дар он буд. солхо вазифаи ноиби президентро ишғол менамуд. Аз соли 1958 то соли 1961 узви Парлумони Аврупо буд. Аз соли 1961 тосоли 1966  Вазири федеролии рушди иқтисодиёт буд. Соли 1968  дар анҷумани ФДР дар Фрайбург раиси ҳизб интихоб мешавад.

Аз 21 октябри соли 1969 то 16 майи соли 1974 дар хукумати коалитсионии ҲСЛО ва ФДП (хукумати Брандт-Шил) ҷонишини кантслер ва вазири корҳои хориҷӣ буд.

Соли 1971 аввалин вазири корҳои хориҷии Олмон гардид ва ба Исроил сафари расмӣ кард. Худи ҳамон сол ба ӯ ҷоизаи Теодор Ҳойсс дода шуд.

Соли 1972 ба Пекин бо мақсади созиш дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатии байни Олмон ва Хитой сафар кард.

Шил дар имзои созишномаи соли 1970 байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон (1949—1990) ва ИҶШС дар бораи эътирофи сарҳадҳои баъдиҷангӣ дар Аврупо, ки оғози як қатор созишномаҳои байни Олмон ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ буд, иштирок кард [8].

Баъди истеъфои Уилли Брандт 7 май соли 1974 Шил муваққатан вазифаи кантслерро гирифт. Пас аз нӯҳ рӯз (16 май) ӯро Ҳелмут Шмидт иваз кард.

Вай 15 май соли 1974 Президенти федеролии Олмон интихоб шуд ва то 30 июни соли 1979 дар ин вазифа буд. Соли 1975 ӯ ба ИҶШС Фаронса, ИМА ва Испониё сафари давлатй кард. Дар соли 1976 вай имзо кардани «Қонун дар бораи бекор кардани имтиҳони озод кардан аз хидмати харбӣ» бо сабаби виҷдонро рад кард.

  • Валтер Шил яке аз собиқ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҷаҳони муосир аст.
  • Валтер Шил рекорди давомнокии умр дар байни тамоми императорҳо ва президентҳои Олмон (аз ҷумла ҶДО ) мебошад.
  • Р. Кривонос. Шеел Уолтер // Українська дипломатична енциклопедія : у 2 т. / ред. Кол.: Л. В. Губерский (раис) ва дигарон. — К. : Дониши Украина, 2004. — Т. 2 : М - И. - 812 бо. - ISBN 966-316-045-4.