Jump to content

Қошуқтарошӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қошуқтарошӣ - аз маъмултарин ва қадимтарин ҳунари мардуми тоҷик аст, ки хусусиятҳои хос дорад. Аз замоне, ки инсоният бо асбобҳои рӯзгор сарукор кардааст, аз қошуқ истифода бурдааст. Қошуқи чӯбӣ аз умқи қарнҳо то замони мо омада расидааст. Мардуми тоҷик аз қадим бо қошуқтарошӣ шуғл дошта, ин ҳунари қадимаи худро то ба имрӯз нигоҳ доштааст. Айни замон, қошуқтарошӣ бештар дар қисмати ҷануби Тоҷикистон бештар маъмул аст. Қошуқ ва дигар намудҳои ба он монанд аз чӯби зардолу, писта, бодом, арча ва чормағз тарошида мешаванд. Барои зебову ороста шудани қошуқ онро ранг мекунанд, ки ҳусни иловагӣ зам мешавад. Қошуқҳо ҳаҷман гуногун шуда, бо мақсадҳои ҳархела истифода мешаванд. Қошуқчаҳои хурдро бештар барои тифлон метарошанд. Бо қошуқҳои миёнаҳаҷм калонсолон хӯрок тановул мекунанд. Қошуқҳои нисбатан калонҳаҷмро барои тайёр намудани хӯрок ва кашидани он истифода мекунанд.[1]