Карон
Маҳалли аҳолинишин | |
форсӣ: کران | |
| |
38°27′03″ с. ш. 70°50′51″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
ноҳия | Дарвоз |
Ҷамоат | Қалъаи Хумб |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
|
Карон (форсӣ: کران) — шаҳре бостонӣ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 5 килуметр шарқтар аз шаҳраки Қалъаи Хумб — маркази идории ноҳияи Дарвоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷой дорад.
Бозмондаҳои шаҳри Каронро бостоншиноси тоҷик, академики АИ ҶТ Юсуфшо Ёқубов дар соли 2012 боз ёфтааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин шаҳр дар қадим пойтахти подшоҳии Карон буда, ки қаламрави он сарзамини ноҳияи Сангвор ва ноҳияҳои Дарвозу Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволиҳои панҷгонаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон, яъне Хоҳон, Кӯфоб, Шикай, Нусай ва Моймайро дар бар мегирифт. Куҳантарин ёдкарди навишторӣ аз подшоҳии Карон дар асари Ибни Хурдодбеҳ «Китоб ал-масолик ва-л-мамолик» оварда шудааст, ки «шоҳони Карон ба подшоҳони Тоҳирӣ чаҳор ҳазор дирҳам хироҷ мепардохтаанд»[1][2][3].
Бозёбии Карон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ковишҳои бостоншиносии бозмондаҳои шаҳри Карон дар соли 2012 оғоз шуда ва онҳоро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории Бунёди «Муаллими Кӯҳистон» ва ширкати бостоншиносон аз Русия, Эрон, Фаронса[4] ва Белгия[5] анҷом мешаванд.
Шаҳри Карон дар баландии 1700 — 2000 метр аз сатҳи дарё бар фарозе кӯҳе дар каронаи рости рӯди Панҷ сохта шуда[6][7], ки онро монанд ба шаҳри Мачу-Пикчу дар Перу карда ва аз ин рӯ Каронро «Мачу-Пикчуи Тоҷикистон» хондаанд[8].
Масоҳати шаҳр 100 ҳектор буда[9] ва дар он ниёишгоҳҳои зардуштӣ — Оташкадаи панҷгунбада, ниёишгоҳҳои Об ва Бод, бозмондаҳои сохтмонҳои маскунӣ ва идорӣ ёфт шудаанд[5]. Дар канори ниёишгоҳи Об чанд толори бузург аст, ки беш аз 5 — 6 метр баландӣ доранд ва аз тахтасангҳо сохта шудаанд. Миёни тахтасангҳо чӯби бурс (арчаи кӯҳӣ) гузоштаанд. Толорҳои ниёишгоҳ 24х48 мет масоҳат доранд. Зинапояҳое, ки ба ниёишгоҳи Об мефароянд ҳама баробаранд ва расо 2,5 метр паҳно доранд.
Болотар аз ин ду ниёишгоҳ, майдони чавгонбозӣ ҷой дорад, ки 48х300 метр масоҳат ва то 1000 кас гунҷоиш дорад. Ин майдон нишеманҳое ҷудогона ва соядор барои нишасти шоҳону дарбориён ва бесоябон барои мардум доштааст[8].
Ковишҳо дар ин макон нишон додаанд, ки мардум дар ин шаҳр аз садаҳои пеш аз милод то садаҳои 15 — 16 мелодӣ зиндагӣ мекарданд. Сохтмонҳо дутабақаӣ буда ва шаҳр бо таваҷҷуҳ ба масоили таъмини амният бунёд шудааст. Яъне вай дар баландӣ қарор дошта ва тамоми роҳҳои мунтаҳӣ ба наздики шаҳр аз дидбонгоҳҳои шаҳр назорат мешуданд[10].
Соли 2014 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Карон боздид кард[11].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ибни Хурдодбеҳ, Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» с. 37
- ↑ Ибни Хурдодбеҳ, Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» с. 37
- ↑ Ибн Хордадбех, Книга путей и стран. Полный текст издания 1986 г. - academia.edu
- ↑ Саркорова, Анора. Фото: раскопки древнего городища в Таджикистане. Русская служба Би-би-си (13 июли 2013). 31 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ 5.0 5.1 В поисках утраченного дворца: что нашли таджикские археологи в древнем Кароне. Sputnik (2 августи 2019). 31 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Акрамходжа Акбар, Бекназари Абубакр, Хушнуд Рахматуллоев. «The Telegraph»: «Найден потерянный город». Археологи откопали «Мачу-Пикчу» Таджикистана!. АМИТ «Ховар» (21 августи 2019). 31 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 августи 2019.
- ↑ Ибботсон Софи, Акбар Акрамходжа. Ещё раз о «Мачу-Пикчу» Таджикистана. НИАТ «Ховар» представляет полную версию статьи британского писателя, предпринимателя и любителя путешествий Софи Ибботсон. АМИТ «Ховар» (22 августи 2019). 31 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2019.
- ↑ 8.0 8.1 Ibbotson, Sophie. A lost city rises: archaeologists have unearthed the 'Machu Picchu of Tajikistan'(англ.). The Telegraph (16 August 2019). 31 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Мехрангез Турсунзода. Древний городок Карон в Таджикистане. Asia-Plus (4 ноябри 2014). 31 Декабри 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Зарина Хушвақт. Шаҳри Карон: Таърихи нуҳуфта ва нагуфта. BBC Persian (27 июни 2013). 9 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Сарвари давлат аз шаҳри бостонии "Карон" боздид кард
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |