Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов  (КҶР)
Номҳои пештара Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов
Соли асосгузорӣ 1936
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 2003
Навъ рассомӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 734024, шаҳри Душанбе

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов – яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи таълмӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих[вироиш]

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов соли 1936 ташкил ёфта, ягона маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ҷумҳуриямон мебошад. Бо Қарори комитети марказии ҲК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 18 июни соли 1975 хизматҳои шоёни Рассоми халқии Тоҷикистон М.Олимовро ба назар гирифта ба Омузишгоҳи рассомӣ номи ӯ гузошта шуд. Аз 3 июли соли 2003 то ин ҷониб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба Муассисаи таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов табдил дода шуд.

Дар тули 73 соли фаъолияти эҷодии худ коллеҷро зиёда аз 4000 нафар мутахассисони болаёқат хатм намудаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он пурсамар кор ва фаъолият мекунанд. Ҳайати асосии рассомони Тоҷикистон собиқ хатмкунандагони ҳамин коллеҷ мебошанд, ки ҳоло ба сифати муаллимони мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, дар муассисаҳои давлатӣ, нашриёти «Ирфон», киностудия, студияи телевизион, коргоҳҳои рассомӣ бомувафақият кор карда истодаанд. Қариб 200 нафар шогирдони собиқи коллеҷ аъзои Иттифоқи рассомони СССР ва аъзои иттиҳодияҳои эҷодии рассомони ҷавонанд.

Дастпарварони номдори коллеҷ[вироиш]

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов бо собиқ хатмкунандагон – Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аввалин наққош ва ташкилкунандаи шӯъбаи наққошӣ дар коллеҷ М. Олимов, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аввалин кандакор дар чуб, эҳёгари ин санъати кандакорӣ дар ҷумҳурӣ Сироҷиддин Нуриддинов, Рассоми хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, ташкилкунандаи санъати тасвирӣ дар коллеҷ, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессори Академияи рассомии шаҳри Москва ба номи Суриков Хушвахтов Х., Рассоми халкии Тоҷикистон, профессор Ҳабибуллоев З.Н., Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Вафо Назаров, Рассоми халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Қурбонов С.У., Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А.Рудакӣ, дотсент Шарипов С., Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Сангов Ю., Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ ва меъморӣ, собиқ директории Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Одинаев В.О. ҳозира директори коллеҷ Одинаев Б.Э. – рассом-монументалист, Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллим – наққоши Коллеҷи рассомӣ Сайфиддинов А., Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими ботаҷрибаи санъати тасвирии Коллеҷи рассомӣ Юсупов А., аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, яке аз кандакорҳои ҷумҳурӣ, ки корҳои на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур аст, Ҳайдаров А., аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва дизайнерҳои ҷумҳурӣ, усто-заргар, муаллими Коллеҷи рассомӣ Назирматов А., аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, рассом-миниатюрист Камолов О.А., аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон муаллима Хоҷиева С.Б. аз он ҷумла Шералиев С.- рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меҳнати шоистаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр кардааст, ифтихор мекунад, зеро ки роҳи эҷодии тай намудаи онҳо аз даргоҳи коллеҷ оғоз гардида, саҳми онҳо дар пешравию тараққии фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ хело зиёд мебошад. Омӯзгорони фанҳои асосии коллеҷ дар баробари фаъолияти омузгори, корҳои эҷодӣ, ҳамчунин иштирокчиёни намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз кишварамон буда, корҳои эҷодии ин рассомони чирадаст дар осорхонаи мамлакатҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд. Муаллимони коллеҷ Ҳабибуллоев З., Шарипов С., Довудов З., Одинаев В., Шералиев С., Одинаев Б., Ҳайдаров А. борҳо барои ташкил ва намоиши комёбиҳои хоҷагии халқ, илму маданият ва выставкаҳои умумиҷаҳонӣ ба Афғонистон, Норвегия, Сурия, Алҷазоир, Эрон, Шветсия, Венгрия, Кипр, Ироқ, намоишгоҳи ЭКСПО – дар Япония, Олмон ва дигар мамлакатҳо сафарҳо кардаанд.

Устодони барҷастаи коллеҷ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]