Лена Карпунина
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Сабки ин мақола ғайридонишномавист ё меъёри забони тоҷикиро вайрон дорад. |
Лена Карпунина (рус. Елена Карпунина, с. т. 1963, вафот 4 ноябри соли 2013) - нависанда, ки бо забони эсперанто ҳикояҳо эҷод мекард. Дар шаҳри Калуга, ИҶШС, ҳозира Русия ба дунё омадааст ва ба Душанбе омада то замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаолият мекард. Баъдан ба Олмон кӯчида меравад ва дар Академияи забони эсперанто то охири умр фаолият менамояд.
Елена Карпунина | |
Таърихи таваллуд: | соли 1963 |
Зодгоҳ: | Калуга |
Таърихи даргузашт: | 4 ноябри соли 2013, Олмон, Берлин |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | Иттиҳоди Шӯравӣ |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Солҳои эҷод: | 1990 — 2013 |
Жанр: | ҳикоя, новелла |
Забони осор: | Забони эсперанто |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Елена Карпунина ё Лена соли 1963 дар шаҳри Калуга, ИҶШС таваллуд шудааст. Сипас ба шаҳри Душанбе, Тоҷикистон омада ин ҷо соли 1986 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳи номбурда вай ба ҳайси муҳандис дар корхонаҳои гуногуни Тоҷикистони шӯравӣ фаъолият карда буд. Аз соли 1988 вай ба омӯзиши забони эсперанто ҷиддӣ машғул шуда, соли 1993 ба шаҳри Берлин кӯч баст, соли 1997 факултаи забономӯзии Донишгоҳи Берлин ба номи Ҳумболдтро (олм. Humboldt-Universität zu Berlin) хатм кардааст. Замони дар Олмон буданаш бо эсперантодони олмонӣ Герд Буссинг (Gerd Bussing) хонадор шуд. Соли 2013 дар шаҳри Берлин, Ҷумҳурии Федеролии Олмон вафот кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Айёми хурдсолиаш дар Тоҷикистони Шӯравӣ ба нақшакашӣ ва навиштани мақолаҳои хурд дар мавзӯъҳои инсондӯстӣ, замони муосир шуғл меварзид. Аз Елена Карпунина китобҳои зерин бо забони эсперанто боқӣ мондаанд:
- La Bato (2001)
- Neokazinta Amo (2007)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [1] Лена Карпунина дар Википедияи англисӣ
- "En Granda Urbo" by Lena Karpunina
- "La Amnestipeto" by Lena Karpunina
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Мақолаҳо ба викисозӣ
- Википедия:Мақолаҳои сабкан нодуруст
- Даргузаштагони Берлин
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Зодагони соли 1963
- Даргузаштагони соли 2013
- Занҳои нависандаи Русия
- Занҳои нависандаи Тоҷикистон
- Эсперантодонҳо
- Зодагони Калуга
- Нависандаҳои адабиёти эсперанто
- Аъзоёни Академияи эсперанто
- Хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон