Леон Эдвард Панетта
![]() |
Ин мақола ятим аст; Яъне ҳеҷ сафҳае ба ин мақола пайванд надорад.
|
Леон Эдвард Панетта | |
Leon Edward Panetta | |
![]() |
|
Навъи фаъолият: | |
---|---|
Санаи таваллуд: | |
Зодгоҳ: | |
Мамлакат: | |
Соядаст: | |
![]() |
Леон Эдвард Панетта - (англ. Leon Edward Panetta; тав. 28 июни соли 1938, Монтерей, ИМА) — сиёсатмадори амрикоӣ, ҳуқуқшинос, профессор, вазири мудофиаи ИМА аз 1 июли соли 2011, қаблан сарвари Идораи мухобироти марказии ИМА аз 13 феврали соли 2009 то 30 июни соли 2011 буд. Собиқ сарвари мудирияти Кохи Сафед дар замони президент Билл Клинтон (1994—1997). Инчунин сарвари Донишкадаи сиёсати ҷамъиятии Леона ва Силвия Панетта буд. Дар солҳои 1977—1993 узви Палатаи намояндагони Конгресси ИМА аз Калифорния буд. Дар солҳои 1970—1971 ёвари мири Ню-Йорк буд, дар солҳои 1969—1970 сардори идораи муҳофизаи ҳуқуқи шаҳрвандон дар назди вазорати тандурустӣ, маориф ва амнияти иҷтимоии ИМА буд.