Jump to content

Лутфулло Саидмуродзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфулло Ҳабибулло Саидмуродзода
Лутфулло Хабибуллоевич Саидмуродов
Таърихи таваллуд 14 сентябр 1959(1959-09-14) (65 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов
Ҷоизаҳо Шаблон:Медали «Хидмати шоиста», Аълочии маорифи Тоҷикистон


Лутфулло Ҳабибулло Саидмуродзода   ( Лутфулло Хабибуллоевич Саидмуродов тав.14 сентябри 1959, ш. Душанбе) — иқтисоддон, арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лутфулло Ҳабибулло Саидмуродзода 14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва муаллими назарияи иқтисодӣ хатм намудааст. Фаъолияти кориаш аз касби омузгори огоз ёфта ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраҳои назарияи иқтисодии факултаи иқтисодии, кафедраи муносибатҳои байналмилалии иқтисодии факултаи молияву иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, декани факулта ва мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. Сипас, Лутфулло Саидмуродов узви Шӯрои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директор ва профессори байналмилалии ҳамкор дар Барномаи байналмилалии «Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор кардааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан, Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гардид. Ӯ инчунин, ҳамчун узви Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон, узви Комиссияи муваққатии экологӣ, узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Апрели соли 2015 Лутфулло Саидмуродзода, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ инчунин ба ҷои Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон омадааст, ки ҳоло вакили парлумон мебошад.[1]

  • Открытая экономика Республики Таджикистан: макроэкономическое равновесие в условиях внешнего инвестирования / Л. Х. Саидмуродов, А. А. Солиев. — Д.: Ирфон, 2004. — 144 с.
  • Экономическая теория открытого хозяйства и проблемы современного Таджикистана / Л. Х. Саидмуродов. — Д.: Ирфон, 2005. — 260 с.[3]