Jump to content

Лутфулло Солиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфулло Солиев
Лутфулло Солиев
Таърихи таваллуд 15 март 1941(1941-03-15)
Зодгоҳ Ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 20 сентябр 2020(2020-09-20) (79 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лутфулло Солиев (15 марти 1941, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 20 сентябри 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (ТО МАН ВШ) (2009).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1959—1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1964—1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1966—1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970—1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989—1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997—1998 декани факултети химия, 1998—2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд. Аз соли 2007 то ба имрӯз мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Оид ба мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи обӣ-намакӣ, назария ва амалияи химияи ғайриорганикӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Яке аз муаллифони равияи нави илмӣ — пешгӯии мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи бо ёрии методи интиқол мебошад. Муалифи 3 монография, 3 китоби дарсӣ, 10 дастури таълимӣ, 13 ихтироот ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ ва илмию методии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Барои хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз карда шудааст.

  • Политерма растворимости солевой системы морского типа (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
  • Корҳои амалӣ аз таҳлили сифатӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
  • Асосҳои химияи таҳлилӣ (китоби дарсӣ барои синфҳои 10-11), Д., 1998;
  • Прогнозирование фазовых равновесий в многокомпонентной системе морского типа методом трансляции (Книга1), Д., 2000, (Книга 2), 2010;
  • Химияи ғайриорганикӣ (китоби дарсӣ барои синфи 9), Д., 2001;[1]
  • Химия (китоби дарсӣ барои синфи 9), Д., 2007;[2]
  • Химияи умумӣ (асосҳои назариявии химияи ғайриорганикӣ), Д., 2008;
  • Химияи ғайриорганикӣ (химияи элементҳо ва пайвастагиҳои онҳо), Д., 2010;
  • тасвир системы Na,K,Mg//SO4,Cl-H2O масцентрическим методом // Украинский химический журнал АН Укр. 1977, Т. 43. № 10;
  • Построение фазового комплекса физико- химических систем методом трансляции // Журнал физической химии АН СССР, 1979, Т. 53,№ 2;
  • Исследование фазовых равновесий многокомпонентных физико-химических системах // Журнал неорганической химии АН СССР, 1980, Т. 54, № 6;
  • Исследование фазовых равновесий в многокомпонентной системе Na, K, Mg, Ca//SO4, Cl-H2O при 25°С // Журнал физической химии АН СССР, 1984, Т.58. № 1;
  • Исследование регенерации калийно-магниевых солей из маточных растворов в производстве бихлорных калийных удобрений // Журнал прикладной химии. АН СССР. 1985. Т. 58, № 4;
  • Основные направления в методологии физико-химического анализа сложных и многокомпонентных систем//Журнал неорганической химии АН СССР, 1987, Т.32. № 7;
  • Определение положения нонвариантных точек на диаграммах растворимости методом донасыщения//Украинский химический журнал. АН Укр 1987. Т. 53, № 6;
  • Схематические диаграммы фазовых равновесий многокомпонентных систем // Журнал неорганической химии. АН СССР. 1988, Т. 33, № 5;
  • Исследование осаждения сульфатных калийно-магниевых солей из многокомпонентных растворов высаливанием // Журнал прикладной химии АН СССР.1990.Т.63.№ 7;
  • Фазовые равновесия в системе Na, Mg,Ca//SO4,Cl-H2O // Известия ВУЗ-ов. Химия и химическая технология. 1992. Т. 35, № 2;
  • Фазовые равновесия изотермы 75°С системы Na,Mg, Ca//SO4,Cl- H2O.//Известия ВУЗ-ов. Химия и химическая технология. 1994. Т. 37, № 3;
  • Омӯзиши таҳлили физико-химиявӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ // Маърифат, 1988. № 2;
  • Фазовые равновесия в системы Na,K,Mg,Ca//SO4,Cl-H2O при 25°С в области кристаллизации галита//Журнал физической химии РАН. 2000, том 74, № 5;
  • Фазовые равновесия в системе Na,K//SO4,CO3,F-H2O при 25°С. Журнал неорганической химии РАН. 2007, Т. 52, № 10;
  • Фазовые равновесия в системе Na,K//SO4,CO3,HCO3-H2O при 25°С // Журнал неорганической химии, РАН. 2008, т. 53, № 5;
  • Многокомпонентные химические системы и методы их исследования // Известия Таджикского отделения международной академии наук высшей школы, 2007, № 2 (02).