Jump to content

Людвиг ван Бетҳовен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Людвиг ван Бетҳовен
олмонӣ: Ludwig van Beethoven[1]
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд тахм. 16 декабр 1770(1770-12-16)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 март 1827(1827-03-26)[5][2][6][…] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 17821827[8]
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Соз фортепиано ва скрипка
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
beethoven.de(олмонӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Осор дар Викитека

Лю́двиг ван Бетҳо́вен (олмонӣ: Ludwig van Beethoven, талафуз: [ˈluːtvɪç fan ˈbeːthoːfn̩] (гӯш кардан ); 16 декабри 1770[10], Бонн — 26 марти 1827, Вена) — оҳангсоз, пианинонавоз ва дирижёри олмонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Воқеаҳои Инқилоби Фаронса (1789) ва ҳаракати зиддифеодалии вилояти Рейн дар ташаккули ақидаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Бетҳовен нақши бузург бозиданд. Фаъолияти композитории Бетҳовен соли 1782 оғоз ёфт. Вариатсияҳо барои клавир ба мавзӯи марши композитор Э. К. Дреслер, 2 кантатаи ҷавонӣ (1790) аввалин асарҳои вокалию симфонии Бетҳовен мебошанд. Соли 1887 Бетҳовен ба Вена рафт ва аз В. А. Мотсарт чанд дарси мусиқӣ омӯхт. Аз соли 1792 то охири умр Бетҳовен дар Вена мондоктори илмҳои Гайдн, И. Г. Албрехтсбергер ва А. Солери омӯзгорони ӯ буданд. Бетҳовен дар Вена ҳамчун пианинонавоз ва бадеҳанавози моҳир, сонӣ чун композитор машҳур гардид. Солҳои 1801-12 асарҳои оламшумули ӯ: сонатаи до диез минор (машҳур чун «Маҳтобӣ», 1801), симфонияи 2-юм (1802), симфонияи 3-юм («Қаҳрамонӣ»), сонатаҳои «Аврора» ва «Аппассионата» (1804), операи «Фиделио» (1805), симфонияи 4-ум (1806) офарида шудаанд. Соли 1808 Бетҳовен яке аз асарҳои машҳураш симфонияи 5-умро ба итмом расонд ва дар як вақт симфонияи 6-уми «Пасторалӣ»-ро эҷод намуд. Соли 1810 ба фоҷиаи И. В. Ҳёте мусиқии «Эгмонт»-ро навишт. Соли 1812 симфонияҳои 7-ум ва 8-умро офарид. Бетҳовен дар синни 27-солагӣ қобилияти шунавоиашро гум кард ва солҳои 1813-17 фаъолияти эҷодиаш хеле суст шуд. Аз соли 1818 давраи нави нашъунамои эҷодиаш фаро расид: ӯ охирин асарҳои худ — 5 сонатаи фортепианӣ (1816-22) ва 5 квартети ториро навишт. Қуллаи баландтарини давраи охирини эҷодиёти Бетҳовен симфонияи 9-ум (1824) аст. Бетҳовен дар охири умр қашшоқ шуда, аз танҳоӣ азият кашид. Ӯро танҳо як зумраи хурди дӯстонаш, ки ақидаҳои пешқадам доштанд, дастгирӣ менамуданд.

Бетҳовен ба ғайр аз 9 симфония, 48 соната боз 11 увертюра, 5 консерт барои фортепиано ва оркестр, консерт барои скрипка, балети «Офаридаҳои Прометей», 16 квартет барои созҳои торӣ, бисёр сурудҳо ва диг. асарҳо офаридааст. Комёбии барҷастаи эҷодиёти Бетҳовен симфонияҳои 3-юм («Қаҳрамонӣ») ва 5-ум мебошад. Ғояи симфонияи 5-ум мубориза бар зидди қисмат аст. Бетҳовен аввалин бор дар жанри симфония финали хориро ба кор бурд («Ба сӯи шодӣ», матни Ф. Шиллер). Инкишофи образи асосии симфония аз тасвири даҳшатангез ва фоҷиавии қисми якум сар шуда, бо навои ҳаётбахшу шодиангез поён меёбад. Эҷодиёти Бетҳовен дар таърихи санъати ҷаҳон мақоми намоён дорад.

  1. SG C. Ludwig van Beethoven (1770-1827), German composer (ингл.) // Allergy and Asthma ProceedingsProvidence: OceanSide, 1996. — Vol. 17, Iss. 4. — P. 226—228. — ISSN 1088-5412; 1539-6304PMID:8871744
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Беетговенъ (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1836. — Т. 5. — С. 161—162.
  3. 3.0 3.1 Бетховен, Людвиг, Բեթհովեն, Լյուդվիգ (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. IIIа. — С. 643—644.
  4. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  5. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  6. 6.0 6.1 6.2 Dommer v. Beethoven, Ludwig van (нем.) // Allgemeine Deutsche BiographieL: 1875. — Vol. 2. — S. 251–268.
  7. Wurzbach D. C. v. Beethoven, Ludwig van (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 1. — S. 224.
  8. RKDartists (нидерл.)
  9. 9.0 9.1 Beethovens Schicksal als „Migrant“ in Wien vor 200 Jahren: Vom Untertanen des Erzbischofs von Köln zum österreichischen Staatsbürger (ингл.) — 2022. — Vol. 13, Iss. 1. — ISSN 2042-6402
  10. Точная дата рождения Бетховена неизвестна. Крещён 17 декабря 1770 г. Согласно устоявшейся точке зрения (основанной на мнении самого Бетховена) днём его рождения считается 16 декабря. См. Thayer’s Life of Beethoven, Vol. 1. Princeton University Press, 1991, P. 53.