Ҳезум
Ҳезум (ҳема ё чӯби хушк) — чӯбҳо ва шохаҳо, ки ба манзури сӯзондан барои тавлиди гармо ё ошпазӣ ба кор меравад. Аз ҳезум гоҳ барои гардондани мотори бухор (барои намуна дар локомотивҳо) низ баҳра мегиранд.
Истифода аз ҳезум ба унвони сӯхт барои гармои хонаҳо ба қадимат худ тамаддун аст. Бо ин ки имрӯза дар бисёре нуқот, ангиштсанг, нафт ва газ ҷойи ҳезумро гирифтаанд, вале ҳанӯз дар бисёре хонаҳо дар саросари ҷаҳон корбурд дорад.
Ҳезумро дар қадим бештар дар танурҳо қарор медоданд. Имрӯза дар бархе аз хонаҳои маҳалл оташдонҳое барои сӯзондани чӯб ва гарм кардан хона сохта шудаааст. Бархе ҳемасӯзҳо ҳам имрӯза газсӯз ва танҳо зинати ҳастанд ва ҳезумҳои маснуӣ дар онҳо қарор дорад.
Ҳезумкашӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳезумкаш ба касе гуфта мешавад, ки барои фурӯш ҳезум ҷамъ мекунад, дар манотиқи рустои ҷаҳон дар замони қадим ин амал бисёр ривоҷ дошта ва сокинини манотиқ кӯҳистонӣ ҳезумро барои фурӯш ё барои сохтан ангишт ҷамъоварӣ мекарданд, ва дар рустоҳои муҷовири худ мефрухтанд.
Имрӯза мизони ин шуғл нисбат ба собиқ хеле коста шуда ва дигар мардум ба шуғли ҳезумкашӣ чандон рӯй намеоваранд.
Ҳезум пас аз ин ки миқдоре сӯхт табдил ба ангишт ва сипас табдил ба хокистар мешавад. Ҳезум дар хонаҳои деҳот, ва махсусан дар фасли замистон нақши муҳимме дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳезум дар Викианбор |
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |