Мактабҳои усули куҳна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мактабҳои усули кӯҳна)
Jump to navigation Jump to search

Мактабҳои усули кӯҳна – мактабҳое мебошанд, ки баъди забти кишвари Мовароуннаҳр аз ҷониби Хилофати Араб дар ин сарзамин пайдо шудаанд. Мактаб – зинаи аввали таҳсили ибтидоии маърифати дини ислом мебошад. Мактабҳои усули кӯҳна аз асрҳои миёна то даврони Ҳукумати Шуравӣ (асри VIII – солҳои 20-уми асри XX) дар кишвари Мовароуннаҳр фаъолият мекарданд.

Мактабҳо одатан дар назди масҷидҳои гузарҳои шаҳрӣ ва қишлоқҳо ҷойгир шуда буданд. Дар мактаб домуллоҳо, имом хатибҳо ва азончиҳо ба талабагон дарс медоданд. Бинои мактаб ба маблағи ҷамоати масҷидҳо сохта таъмир карда мешуд. Шахсони алоҳида баъзе вакт барои сохтану таъмири мактабҳо маблағгузорӣ мекарданд. Баъзан дарсҳо дар ҳавлиҳои домуллоҳои мактаб гузаронида мешуданд. Даромади домуллоҳои мактаб аз инъому маблағгузории волидайни талабагон вобаста буд. Давлатдорон (амирону хонҳо) ба раванди маърифати исломӣ дахолат намекарданд ва аз ин лиҳоз барои рушди маориф аз хазинаи амирон ягон маблағе ҷудо карда намешуд.

Мактабҳои усули кӯҳна танҳо бо як мақсад - омўзондани асосҳои дини ислом нигаронида шуда буд. Нақшаи таълиму барномаи таҳсили ибтидоии маърифати дини ислом дар доираи мактаб мавҷуд набуд, аз ин лиҳоз домуллоҳо ба тарзу усули хеш дарс мегузарониданд. Дар мактаб талабагон, қариб ним сол, танҳо ҳарфҳои арабиро меомўхтанд. Баъд ба омўзиши “Чаҳор китоб” (дар бораи низому рафтори мусулмонон аз руи “Қуръон” ва ҳадисҳои пайғамбар) аз он пас ба хондани “Ҳафтяк” (7-яки порчаҳо аз “Қуръон”), шурўъ менамуданд. Таҳсил дар мактаб вобаста ба лаёқати талаба, ду-се солро дарбар мегирифт.

Дар мактабҳои усули кӯҳна аксаран ба ғайр аз фанҳои динӣ, дигар фанҳо омўзонда намешуданд. Баъзан, бо ташаббуси домуллоҳо, дар баъзе мактабҳо фанҳои дунявӣ ба монанди: риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуданд. Вале миқдори ин гуна мактабҳо хело камшумор буданд.

Замони нав (баъд аз тобеъ гардидани Осиёи Миёна ба империяи Русия – нимаи дуюми асри XIX) – замони инкишофи муносибатҳои молию пули дар иктисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти мактабҳои усули кўҳнаи маърифати исломи ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди мактабҳои усули нав, ки дар он ба талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва азхуд намудани асосҳои дини ислом, инчунин, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва фанҳои дигари дунявиро меомўхтанд, аз ҷониби ҷадидони Туркистону Бухоро ба миён омад. Зиёиёни кишвар (ҷадидон, ниг. Ҳаракати ҷадидия) ба монанди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Садриддин Айнӣ, Мунзим, мулло Салоҳиддин, мулло Шамсиддин ва диг.) — яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мавҷудияти чунин мактабҳои усули кӯҳна дида, дар андешаи ислоҳи он шуданд.[1][2]

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010

Пайвандҳои беруна[вироиш]