Jump to content

Мансур Ҷаъфарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мансур
форсӣ: منصور
Сурат
Таърихи таваллуд 28 июл 1971(1971-07-28) (52 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша овозхон, оҳангсоз
Вебгоҳ mansourmusic.com
 Парвандаҳо дар Викианбор
Mansour

Мансур Ҷафарӣ Мамагонӣ (форсӣ: منصور جعفری ممقانی‎; англ. Mansour Jafari Mamaghani; 28 июли соли 1971; Теҳрон, Дудмони Паҳлавӣ) — яке аз машҳуртарин сарояндагони эронӣ мебошад. Аз насли нави сарояндагони дар бадарға будаи эронӣ, ки дар ҷануби Калифорния иқомат доранд, ӯ яке аз беҳтарин намояндагони мусиқии муосир мебошад. Ба ҷуз аз Эрон, ӯ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ ва ба миқдори кам дар Ӯзбекистону Русия мухлисони худро дорад. Ба маҳдудиятҳои ҳукумати Эрон дар самти мусиқии поп нигоҳ накарда, ӯ тавонист дар паи дарёфти шуҳрат дар ин кишвар аз дигар сарояндагон пешсаф бошад. Мардону занон сурудҳои ӯро дӯст медоранд ва ин сурудҳо дар нишастҳои гуногун, аз қабили бозиҳои футбол, зодрӯзҳо ва ҷашнҳои арӯсӣ садо медиҳанд.

Даврони кӯдакӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мансур дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолияш ба санъат рағбат дошт. Оилаи онҳо дар айёми ҷавонии Мансур, баъд аз ба сари қудрат омадани ҳокимияти инқилобӣ ватанро тарк гуфт ва ба ИМА муҳоҷират кард.

Қадамҳои аввалин[вироиш | вироиши манбаъ]

Мансури ҷавон дар мактаб аллакай истеъдоди баланди худро нишон медод. Ӯ дар байни ҷомеаи ирониёни Амрико чун ҳунарманди ҳаваскор, ки дар шабнишиниҳои гуногун баромад мекард, шуҳрат пайдо кард. Пеш аз хатми мактаб, Мансур ба худ қарор медиҳад, ки овозхони касбӣ шавад. Дар аввал ӯ ба ҷои ҳунармандони касбӣ овозхонӣ мекард. Дар ин ҷо ӯ дар бораи ҷараёни сохтани албомҳову саноати мусиқӣ таҷриба андӯхт ва бо бастакорону шоирон ва оҳангсозон, ки дар оянда ба ӯ сурудҳо тайёр хоҳанд кард, шинос шуд.

Албоми аввалин[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1991 Мансур тайёрӣ ба сабти албоми нахустини худро сар кард. Ин лоиҳа се сол тӯл кашид ва дар ин муддат Мансур чизҳои зиёдеро омӯхт. Августи соли 1994 нахусталбомаш “Фирфираҳои бебод”-ро пешкаши мухлисон кард. Он таваҷҷуҳи насли нави форсизабонони муҳоҷирро, ки ба мусиқии ғарб дода шуда буданд, ба худ ҷалб кард. Ин албом машҳур гардид ва ба Мансур имкон дод, ки се албоми нав: “Тасвири охир”, “Дарича” ва “Қаиқи коғазӣ” барорад.

Соли 1999 Мансур ба суруднависӣ машғул мешавад ва албоми панҷуми худ “Фақат ба хотири ту”-ро мебарорад. Ҳарчанд ки он аз лиҳози молиявӣ фоидаи зиёд овард, вале ба мунаққидон писанд наомад. Ноябри соли 2002, Мансур албоми машҳури худ “Дивуне” -ро баровард, ки дар байни дигар кишварҳои форсизабон, ба хусус Тоҷикистону Афғонистон шуҳрат пайдо кард. Ду суруди ин албом “Азизи диламӣ” ва “Дивуне” диққати аҳли санъатро дар Баҳрайн, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт ва Туркия ба худ ҷалб кард.

Мансур айни замон дар Лос-Анҷелес зиндагӣ ба сар мебарад ва фаъолияташро дар ин ҷо давом медиҳад. Ӯ зуд-зуд ба шаҳрҳои ИМАву Канада, Аврупо, Австралия ва кишварҳои Осиёи Наздик сафарҳои ҳунарӣ мекунад.

Дискҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Taraneh Records[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2007: Қашангӣ
  • 2005: Фирорӣ
  • 2002: Дивуне
  • 2001: Зиндагӣ
  • 1997: Дарича
  • 1996: Тасвири Охир

Caltex records[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2000: Фақат ба хотири ту
  • 1998: Қаиқи коғазӣ
  • 1994: Фирфираҳои бебод

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]