Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Марямбонуи Фарғонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марямбонуи Фарғонӣ
Марям Эшонҷонова
Таърихи таваллуд: 11 ноябр 1956(1956-11-11) (68 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Сӯх вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, шоир, рӯзноманигор
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи адабии байнулмилалии ба номи Борис Пастернак, (Москва, 1995), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Нишони сухан», (2006), Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, (2013)

Марямбонуи Фарғонӣ (Марям Эшонҷонова; 11 ноябри 1956, деҳаи Ровон, ноҳияи Сӯх, вилояти Фарғона) — рӯзноманигор, нависанда, шоир, узви Иттиҳоди журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марям Эшонҷонова пас аз донишомӯхта шудан аз мактаби миёнаи №11 ноҳияи Сӯх, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ шуд (1973—1977). Фаъолияти кориаш аз мактаби деҳа оғоз шудааст. Солҳои 1977—1984 омӯзгори забону адабиёти тоҷикӣ дар мактаби деҳа буд. Дар соли 1984 ба Душанбе омада, то ноябри соли 1989 методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон буд. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Истиқбол», «Фирӯза» ва радиои Ҷумҳурии исломии Эрон «Садои Хуросон» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» кор кардааст.

Аз замони донишомӯзӣ (солҳои 1970) ба адабиёту таълифоти адабӣ майлу шавқ зоҳир кардааст ва нигоштаҳояш нахуст дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» (ҳоло «Садои Сӯх»), баъдан дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Адабиёт ва санъат», «Машъал», «Хорпуштак», «Садои Шарқ» чоп шудаанд.

Дар жанрҳои гуногуни шеър – ғазал, ғазал-маснавӣ, дубайтӣ, рубоӣ, чорпора, мухаммас табъ озмудааст. Тарғиби фарҳангу таърихи ибратомӯзи тоҷикон, таҳкими ҳувийяти миллӣ, тасвири латофату фатонати гӯшаҳои сарсабзи Тоҷикистон, садоқат ва муҳаббати инсонӣ ва бозтоби ҳаёти содаву пурфайзи рустонишинон аз дарунмояҳои аслии ашъори Марямбону аст (маҷмуъаҳои «Исои ман шав», 2006, «Нури ахтарпораҳо», 2011, «Табъи гуҳаррез», 2016).

Фаъолияти адабиву рӯзноманигорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳимтарин осори насриаш маҷмуъаҳои «Афсонаи тамаддун» (1995, як достони бачагона ва чанд ҳикоя), «Ҳадиси Риштон»(2000; достони таърихӣ аз ҳунари кулолию кошикорӣ дар Риштон ва ҳикояҳо), «Хуморшикан» (2004;  як эссе ва чанд ҳикоя), «Чаҳор қисса» (2006), «Шаҳболи хаёл» (2011) ҳастанд. Дар романи «Таманно» (2014) ба мавзуъи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1990) таваҷҷуҳ кардааст. Қаҳрамони ин асар, Таманно, ки бонуи таҳсилкарда ва орзуманди хушбахтии мардуми диёри худ аст, дар ниҳояти изтиробу парешонии ботинӣ аз бадбахтиҳои нохостаи ҷанги бародаркуши кишвар худро тасаллӣ медиҳад, ки гӯиё барояш ин ҳама хобу хаёланд ва бояд аз ин кобуси ҷонфарсо ҳар чи зудтар бедор шаваду раҳоӣ ёбад. Соли 2020 баргузидаи осори насрии Марямбону бо номи «Ман чунин девонаам» дар Теҳрон чоп шуд.

Очерк ва нақди адабӣ дар осори публисистии Марямбону мавқеъи аслӣ дорад. Дар мақолаҳояш ҷузъиёти муҳиммеро аз рӯзгори як зумра адибон, донишмандон ва фарҳангиёни тоҷик, ба монанди Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Малика Қаландарова, Гурминҷ Завқибеков, Аҳмадбек Қучқоров, Ниёз Сафаров, Соҷида Муродова, Ҳабиб Искандаров ва дигарон равшан карда, дар бораи рушди донишу маърифати миллӣ масъалагузорӣ кардааст.

Марямбону дорандаи Ҷоизаи адабии байнулмилалии ба номи Б. Пастернак (барои китоби «Афсонаи тамаддун», 1995), ҷоизаи «Нишони сухан» аз ИН Тоҷикистон (2006), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (барои маҷмуъаи «Шаҳболи хаёл», 2013) ва Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон (2002), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) аст.

Намунае аз ашъори Марямбону:

Ғазали ғазал бихоҳам, на ғазал, ғизол ояд,

Ҳама ҳусну зебу оро, сару по ҷамол ояд.

Ба рухаш, ки моҳи тобон, ба лабаш, ки лаъли сероб,

Ба назар зи мушку анбар биниҳода хол ояд.

Ба само назар бикардам, ба ҷабин чу шамси Ховар,

Нигаҳаш ба сони ахтар, ба забар ҳилол ояд...

Ба қиёс сарви боло, ба шамим атри Порис,

Зи пари ду зулфи афшон фаразан шамол ояд...

Қафаси ҳиҷо куҷо шуд, гирамаш ба донаи меҳр?

Тарафе ғизоли зебо, тарафе ҳилол ояд!..

  • Дорандаи Ҷоизаи адабии байнулмилалии ба номи Борис Пастернак, (Москва, 1995),
  • Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Нишони сухан», (2006),
  • Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, (2013)
  • Нишони Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон «100-солагии матбуоти тоҷик».(2012)
  • Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон мебошад.
  • Афсонаи тамаддун: Қиссаву ҳикояҳо. — Душанбе: Пайк, 1995.- 88 с.
  • Ҳадиси Риштон: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Нодир, 2000.- 50 с.
  • Хуморшикан: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2004. — 128 с.
  • Исои ман шав: Шеър. — Душанбе: ЭР-граф, 2006. — 60 с.
  • Чаҳор қисса: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе, 2006. — 160 с.
  • Нури ахтарпораҳо: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 2011. — 128 с.[1]
  • Шаҳболи хаёл: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2011. — 2014 c.
  • Таманно: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2014. — 191 с.
  • Табъи гуҳаррез. Маҷмӯаи ашъор. — Душанбе: Ирфон, 2016—182 с.

Намунаҳои осори назмиву насрии зиёдаш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ чоп шудаанд.[2]

  • Адибони вилояти Суғд. Хуҷанд, 2014. Адибони Тоҷикистон. Д., 2014;
  • О. Шакурзода. мақ. Марямбонуи Фарғонӣ. ЭМТ. Ҷ. 12.
  1. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе,2013, — С. 33
  2. Марямбонуи Фарғонӣ. 11 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2014.