Маҳмудҷон Воҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳмуд Воҳидов
Навъи фаъолият:

ҳунарпешаи теаатр ва синамо

Санаи таваллуд:

10 октябр 1939(1939-10-10)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ашт

Санаи марг:

12 ноябр 1977(1977-11-12) (38 сол)

Маҳалли марг:

Бағдод Ироқ

Мукофоту ҷоизаҳо:

| Ордени «Нишони Фахрӣ» | Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон— 1973

Маҳмуд Воҳидов (бештар маъруф ба Маҳмудҷон; 10 октябри 1939, Шайдон, ноҳияи АштҶШС Тоҷикистон12 ноябри 1977, Бағдод, Ироқ[1]) — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) аст.

Зиндагинома[вироиш]

Маҳмуд Воҳидов 10 октябри 1939, дар шаҳраки Шайдон-и, ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқон. Аввалин бор Маҳмудҷон Ваҳидов дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда, шуҳрату муваффақиятро соҳиб гардид. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад. Вай нахустин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард ва сипас якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии донишкадаи ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуд.[2] Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС)-ро с. 1960 хатм кард. Солҳои 1960—1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ хунарнамой кард. Аз 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Нақшҳои саҳнавӣ[вироиш]

Амиқ кушодани ҷаҳони ботинии қаҳрамон, дарк намудани ҷиҳатҳои равонии образ, овози ҷарангдор ва, хусусан, таъсири амиқи эмоционалӣ (ҳиссӣ) ба тамошобин ҷиҳатҳои асосии маҳорати артистии Маҳмуд Воҳидов мебошанд. Соли 1973, вақте ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард. 5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид.[2] Ролҳои асосии иҷрокардаи Маҳмуд Воҳидов:

  • Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960),
  • Дурандарте («Шоҳ гавазн»-и К. Гоцци, 1960),
  • Незнамов (Гунаҳгорони бегуноҳ"-и А. Островский, 1962,1974),
  • Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, 1963),
  • Бейли («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло, 1964),
  • Ромео ва Ҷульета"-и У. Шекспир, 1963),
  • Моцарт («Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, 1966),
  • Азизӣ («Дуэль»-и М. Байҷиев, 1969),
  • Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, 1970),
  • Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейреду, 1971),
  • Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, 1973),
  • Мамбет («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳамадҷонов, 1974).
  • Усмонхоҷа («Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷ. Икромӣ, 1974), Хизрхон («Фарьёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, 1975),
  • Соломахин («Машварат»-и А. Гельман, 1976),
  • Ясон («Медея»-и Еврипид, 1977) ва ғ.[3]

Дар саҳнаи тоҷик Воҳидов асосгузори намоиши театрӣ бо иштироки як актёр аст. Ӯ овози ширадор ва диди шоирона дошт. Асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон, Воҳидов мураттиб, коргардон (режиссёр) ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли

  • «Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967),
  • «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969),
  • «Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Хофиз, 1971) ва ғ.

Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода (1976), дар роли Пашков худи Воҳидов) равшан зоҳир шудааст.[4]

Филмшиносӣ[вироиш]

Маҳмуд Воҳидов инчунин дар фильмҳои киностудияи «Тоҷикфильм»: «Зумрад» — роли Шариф (1961),

  • «Ҳасани аробакаш» — Раҷаб (1965),
  • «Ҷӯра Саркор»- котиби райком Қодиров (1965),
  • «Достони Рустам» — Тӯлод (1971);
  • «Ситора дар торикистон» — Аҳмади Дониш (1972),
  • «Асрори гузаргоҳ» — Олим (1973) ва ғ.-ро бозидааст. Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо иштирок кардааст.[5]

Мукофоту ҷоиза[вироиш]

Донистаниҳои ҷолиб[вироиш]

Маҳмуд Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ 12 ноябри соли 1977, дар шаҳри Бағдод вафот кардааст. Дар ин сафари ҷавобии санъаткорони Тоҷикистон ба Ироқ Воҳидов ҳамчун барандаи консертҳо иштирок намуда, порчаҳо аз ашъори Ҳофиз ва Румиро ба забони арабӣ моҳирона қироат кардааст ва лоиқи таҳсини тамошобинон шудааст. Ин сафари ҳунарии нотакроре буд, мегӯянд иштирокчиёни он. Ба гуфтаи наздиконаш Маҳмуд Воҳидов пеш аз сафар мариз буд, вале котеъона барои сафар кардан камар баст. Ӯ дар Душанбе, дар боғи Лучоб ба хок супорида шудааст.

Нигаред низ[вироиш]

Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов

Эзоҳ[вироиш]

  1. Makhmudzhan Vakhidov. IMDb. 9 ноябри 2017 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Ҳунарпешаи нотакрор
  3. Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 1. — Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1980, -с 651.
  4. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. — Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик,1988. — с. 338—339
  5. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. — Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1988. — с. 338—339

Адабиёт[вироиш]

  • Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 1992. — С. 78. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.

Пайвандҳо[вироиш]