Муборакшо Мирзошоев
Муборакшо Абдулваҳҳобович Мирзошоев | |
Таърихи таваллуд | 19 август 1961 |
Зодгоҳ | деҳаи Емц, ноҳияи Рӯшон, Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 8 феврал 2001 (39 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Солҳои фаъолият | 1980 — 2001 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон ва оҳангсоз |
Соз | гитор |
Сабк | поп-рок, фолк-рок, рок, |
Ҳамкорӣ | Далер Назаров |
Муборакшо́ Мирзошо́ев (Мирзошоев Муборакшо Абдулваҳобович; 19 августи 1961, деҳаи Емц, ноҳияи Рӯшон ВМКБ ҶШС Тоҷикистон — 8 феврали 2000, Душанбе) — яке аз номдортарин навозандагон, овозхонон ва оҳангсозони тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муборакшо Мирзошоев 19 августи 1961 дар деҳаи Емци ноҳияи Рӯшони ВМКБ Тоҷикистон зода шуда аст. Кӯдакӣ ва наврасияш дар ҳамон русто сипарӣ шуда ва таҳсилотро низ ҳамон ҷо фаро гирифта буд.
Муборакшо нахустин сурудашро дар 14-солагӣ офарид, ки «Чор ҷавон» ном дошт ва дар оянда яке аз шинохташудатарин ва мардумписандтарин сурудҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои пешини шӯравӣ шуд.
Вай солҳои 1984 то 1987 донишҷӯи Омӯзишгоҳи ҳавопаймоиву халабонии Ленинград буд, вале чун ҳунардӯст буд, донишомӯзиро канор гузошт ва ҳунарро пеша кард ва дил ба дарёи мусиқӣ зад. Ҳунарнамоии Муборакшо ё Миша, чунон ки дӯстону дӯстдорони ҳунараш меномидандаш, соли 1988 бо гурӯҳи Далер Назар оғоз шуд. Аз ҳамон замон буд, ки сурудҳои дилангезаш шаҳрошӯбу мардумписанд шуданд. Ӯ сурудҳои ғамгине месуруд, ки ҳар дили ғамдидаву дардошноро хуш меомаданд. Муборакшо ҳунарпешаву овозхони воқеан мардумӣ буд, ки аз синаи мардуми тоҷик бархоста ва дар дилу дидааш ҷо шуда буд. Оҳангу сурудҳояш тоҷиконро дар замоне, ки даст ба гиребони ҳам буданду сипас дар чорсӯи ҷаҳон парешону пароканда шуданд, ҳамдилу ҳамандеш мекард.
Ҳамсару фарзандон барояш азизтарин касон дар ҷаҳон буданд ва мусиқиву оҳангсозиву шеъру таронаро бисёр дӯст медошт. Муборакшо футболдӯст ва мухлиси дастаи «Помир» буд.
Муборакшо бо бисёре аз ҳунарпешаҳо ва овозхонони Русия низ ошно буд, аз он ҷумла бо дастаҳои «А-Студио», «Звуки Му», «Аквариум» ошноӣ дошт ва борҳо дар Маскав консерт баргузор карда буд. Бисёре аз овозхонони русӣ кавер-гунаҳое бар сурудҳояш офаридаанд.
Муборакшоро дар баробари Далер Назар яке аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик шинохтаанд.
Муборакшо 8 феврали соли 2001 дар авҷи ҷавониву номдорӣ аз дунё даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш ба хок супурданд.
19 августи соли 2021, дар боғи фарҳангии деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), муҷассамаи Муборакшо Мирзошоев кушода шуд, ки ба 60-солагии ӯ бахшида шудааст [1].
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар ноҳияи Рӯшон пайкараи Муборакшо Мирзошоев гузошта шуд(тоҷ.). sputniknews.ru (19 августи 2021).