Муродулло Амриллоев
Муродулло Амриллоев | |
---|---|
| |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Шаҳрвандӣ | |
Тахассус | шашка[d] |
Таърихи таваллуд | 5 май 1972 (48 сол) |
Зодгоҳ | |
![]() |
Муродулло Амриллоев (Амриллоев Муродулло Амониллоевич; тав. 5 майи 1972, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шашкабоз, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ (2007) аз байни тоҷикон, гроссмейстери Федератсияи Русия (1998).
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи Академияи давлатии варзиши Урал (Федератсияи Русия; 2003). Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон. Аз с. 1996 дар Ҷумҳурии мухтори Бошқирдистони Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунад. Чемпиони ҷаҳон оид ба шашкаи русӣ (1993), се карат чемпиони ҷаҳон оид ба бозии тези (блитс) шашкаи русӣ (1995, 2005, 2006), ду карат дорандаи Ҷоми чемпионҳои Европа (2000, 2001), ду карат ғолиби чемпионати клубии Европа оид ба шашкаи русӣ (2005, 2006), дорандаи чандин Ҷоми конфедератсияи Европа (2000 – 09), медалҳои биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон (2007, 2008) ва чемпионатҳои Европа (2009 – 10) оид ба шашкаи байналмилалӣ.
Эзоҳ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
- Профиль в базе данных Федерации шашек Нидерландов (англ.)
- Профиль на сайте ФМЖД
- Муродулло Амриллаев на сайте клуба «Башнефть»
- http://www.book-chel.ru/ind.php?what=card&id=171 в энциклопедии Челябинск
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |