Jump to content

Муҳаммад Абду

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Абду
араб. ар. محمد عبده
сурат
Пешгузашта: Хосун Нававӣ
Ҷонишин: Бакри Садафӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ҳуқуқдон, илоҳиётшинос, қозӣ, публисист, сиёсатмадор, вакил, нависанда, файласуф, journal editor, рӯзноманигор, journal editor
Таърихи таваллуд: 1849[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 июл 1905(1905-07-11)[4][2][5]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: фиқҳ ва сиёсат
Маълумот:
Корфармо:
Устодон: Ҷамолуддини Афғонӣ[d]
Шогирдон: Ibrahim al-Dabbagh[d], Umar Taqi al-Din al-Rafi'i[d], Ahmad Miftah al-Ommari[d], Rida Muhammad Rashid[d] ва As'ad al-Shuqayri[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Муҳа́ммад Абду́ (ар. محمد عبده‎; 1849, Буҳайра, Миср —1905, Искандария, Миср) — фақеҳ, ҳуқуқдон, назариётчӣ, публитсисти мисрӣ ва яке аз муассисони наҳзати ислоҳу таҷаддуди ислом[6]. Муфтии аъзами Миср (1899—1905).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад Абду соли 1849 дар наздикии Даманҳура (Мисри Поён) дар оилаи туркман ба дунё омадаааст. Дар хурдсолӣ Қуръонро ҳифз карда буд. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ба Институти Танто, сипас ба Университети Ал-Азҳар дохил шуд. Соли 1872 дар Қоҳира бо Ҷамолуддини Афғонӣ шинос шуд ва ӯро устоди худ хонд. Дар ин ҷо ба публитсистика машғул гардид. Абду дар Донишгоҳи Ал-Азҳар ба таълиму тарбия пардохта, на танҳо ногузирии таҷдиди назар роҷеъ ба кутуби динӣ ва маърифати исломиро пешниҳод намуд, балки дар барномаи дарсҳои он донишкада улуми ҷуғрофия, таърих ва маорифи диниро низ ҷорӣ намуд. Барои интишори ақоидаш ва назарияҳои ислоҳотгаронааш ӯро аз кор ронданд. Ӯ муддате ҳамчун узви ҳайъати таҳририяи рӯзномаи «Ал-вақоеъ-ул-мисрия» кор кард. Солҳои 1881 Асарҳо82 дар шӯриши Уробипошшо иштирок намуд. Пас аз шикасти шӯриш Абдуро аз Миср бадарға карданд. ӯ то соли 1889 аввал дар Бейрут, сипас дар Париж иқомат кард.  Дар Париж ҳамроҳи Ҷалолуддини Афғонӣ маҷаллаи «Ал-урват-ул-вусқо»-ро нашр намуд. Баъд ба Бейрут баргашта, баъди чанд сол муаллимӣ кард. Соли 1889 иҷозати расмии ба Миср баргаштанро гирифт. Аввал муфтӣ, сипас сармуфтӣ ва аъзои Шӯрои қонунгузорӣ тайин шуд ва дар ин вазифа то охири умр фаъолият дошт.

Муҳаммад Абду 11 июли соли 1905 аз олам даргузашт[7].

Афкор ва ақоид

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳияти назари ислоҳотии ӯ ба се масъалаи асосӣ нигаронда шуда буд:

  • баргаштан ба асри садрулислом;
  • эҳёи фарҳангу забони арабӣ;
  • эҳтироми ҳукуқи халқҳо ва озод гардонидани онҳо аз зулми мустамликадорони истисморгар.

Рӯҳи ислоҳотталабонаи ӯ дар «Тафсири Қуръон»-и Абду низ ба хубӣ намоён буд.

Дар замони зиндагии ӯ тафсирҳое бисёри иҷтиҳодӣ, мавзӯӣ, татбиқӣ, таърихӣ, адабӣ, ҳидоятиву тарбиявӣ ба Қуръони Карим пайдо шуда буданд. Тафсирҳои дорои хусусияти ирфонию фалсафии мутафаккирон, файласуфон ва орифони асрҳои миёна низ вуҷуд доштанд.

Зимни нигориши тафсирҳои гуногун иттилоти бисёре дар улуми қуръонӣ гирд омад. Гузашта аз ин, масоили навини каломию фалсафӣ ба бардоштҳои тозаи мазмунҳои қуръонӣ мусоидат намуданд. Дар натиҷа мактабҳои тафсирӣ ба вуҷуд омаданд, ки яке аз онҳо мактаби Абду ва шогирдонаш буд.

Дидгоҳи мазҳабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абду ҳанӯз дар мақолае бо номи «Тавҳид» навишта буд, ки ислом ду ғояи бузург ба мардум ато кардааст: сиботии иродаи фардӣ ва озодии ақида. Ин ҳар ду ба такомули тадриҷии навъи башар кумак карданд, ба афрод омӯзиш доданд, ки истеъдоди билқувваи худро амалӣ намоянд. Абду ба навиштани тафсири худ ба Қуръон бо номи «Ал-минор» шурӯъ кард ва баъди вафоти ӯ шогирдаш Муҳаммад Рашид Ризо кори устодашро давом дода, тафсири мавриди назарро ба итмом расонд. Ин ҳарду устоду шогирд бунёнгузорони мактаби навин дар тафсири Қуръон гардиданд. Шеваи тафсири онҳо аз тарзи тафсири пешиниён фарқи куллӣ дошт. Ин фарқ дар тарзи нигориши онҳо – такя ба истифодаи густурдаи ақл дар дарку фаҳми маънии Қуръон ва талоши доимӣ барои оштӣ додани орои пешиниён бо арзишҳои навини зиндагии муосир зоҳир мегардид.

Абду ба омӯзиши осори суфия низ шуғл варзида, дар аввалин асари худ «Рисолат-ул-воридот» кӯшидааст, ки таълимоти ваҳдати вуҷудро аз ҷиҳати маърифатӣ асоснок намояд. Таҳти таъсири устодаш Ҷамолуддини Афғонӣ ӯ ба омӯзиши фалсафаи Ғарб шурӯъ намуд ва бар мабнои дониши андӯхтаи илми муосир ва тарғибу ташвиқи ислоҳот дар дини ислом пардохт. Абду ба ҷуз мақолаҳои сершумори дорои рӯҳияи ислоҳотталабонаи чопшуда дар маҷаллаҳои «Ал-Аҳром» як силсила осори дорои хусусияти фалсафӣ низ нигоштааст, ки муҳимтаринашон «Ал-ислом ва-н-насрония ма-ал-илм ва-л-маданията» ва «Рисолат-ут-тавҳид» мебошанд.

Дар охирин асари номбаршуда масъалаи ваҳдатро ҳам аз назари ҳастӣ ва ҳам аз ҷиҳати назарияи маърифат баррасӣ намуда, ба воҷибулвуҷуд ҳамаи сифатҳои илоҳиро мансуб донистааст. Дар тавҳид Абду имконияти дарки офаридгор, таносуби дониши ақливу ладунӣ ва мақоми ваҳйи набавиро дар асоси бардоштҳои  шахсии худ шарҳ додааст.

Ғояи рисолаи мазкур ҳам ба муқобили фақеҳони аҳкомпараст ва ҳам бар зидди мунаққидони «хориҷӣ»-и ислом равона шудааст. Абду муътақид буд, ки мусулмонон ба тавҳиди ҳақиқӣ не, балки ба дин, ки дар тӯли садсолаҳо ба тахрифу тафсирҳои ғалат дучор шудааст, пайравӣ мекунанд. Ба ақидаи ӯ, яккахудоӣ, ақлу ақида ва иродаи мӯъминонро озод мекунад ва қазову қадар озодии иродаву амалро ҳеч гоҳ истисно нахоҳад кард.

Ин асари Абду рукнҳои асосии ислоҳоти пешниҳодшудаи Абдуро дар бар мегирад. Минбаъд ғояҳои ин асарро намояндагони дигари ҳаракати ислоҳотталабона, ки шогирдону пайравони Абдуро буданд, инкишоф додаанд ва ногузирии муносибати оқилона ва амалиёти мустақилонаро тарғиб ва талқин намуданд.

  • Зеленев Е. И. Государственное управление, судебная система и армия в Египте и Сирии (XVI — начало ХХ в.). — СПб.: Изд-во Санкт-Петербургского университета, 2003.
  • Степанянц М. Т. О религиозных взглядах Мухаммада Абдо // Религия и общественная мысль стран Востока. — М., 1974.
  • Кириллина С. А. Ислам в общественной жизни Египта. — М., 1989.
  • Религия и общественная мысль стран Востока, М., 1974;
  • Ҳазратқулов М., Ислом ва Абуҳанифа, Д., 2009.