Муҳаммад Субҳон
{{Адиб |ном = |номи аслӣ = Муҳаммад Субҳон |тасвир = |тавсифи тасвир = |ном ҳангоми таваллуд = |номи пурра = |тахаллусҳо = |таърихи таваллуд = 10.07.1945 |зодгоҳ =
Муҳаммад Субҳон — нависанда, Ҷанговари интернатсионалист (1980-1982), Узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқӣ оид ба экология (1994), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон(1996)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммад Субҳон 10 июли соли 1945 дар деҳаи Қалъачаи Қалони ноҳияи Ӯротеппа (ҳозира ноҳияи Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Соли 1962 мактаби миёнаи №7-ро ба итмом расонда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи табиатшиносию ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шудааст. Баъди хатми донишкада дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ ба фаъолияти илмӣ пардохта (1967 1985), аз дараҷаи лаборанти калон то ходими калони илмӣ ба камол расидааст. Соли 1971 вориди аспирантура шуда, 3 сол дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) рисолаи илмӣ навиштааст ва сазовори унвони номзади илмҳои биология шудааст. Солҳои 1976-1979 котиби аввали Кумитаи комсомоли Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон буда, солҳои 1980-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ (дар Афғонистон) адои хидмат кардааст. Сипас, то соли 1983, дар Институти зоология ва паразитология ҳамчун корманди калони илмӣ фаъолият бурдааст. Соли 1984 дигарбора Афғонистон рафта, соли 1985 ба Ватан баргаштааст ва сардори Раёсати илму техникаи Вазорати сабзавоту меваҷоти ҷумҳурӣ таъйин шудааст. Баъдан, солҳои 1986-1989, сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Кумитаи агросаноатӣ, солҳои 1990-1992 сардори Сарраёсати назорати давлатии Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурӣ будааст. Солҳои 1992-1999 дар вазифаҳои котиби илмӣ, раиси Маркази илмӣ, мудири шуъба, муовини раиси Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст. Аз моҳи апрели соли 1999 то 2003 нахуст муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд баъдан ноиби ректори ДДҲБСТ (2006-2011) ва мушовири шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2011 корманди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа дар вилояти Суғд мебошад. Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёда аз 60 мақолаи илмию оммавӣ, китобҳои «Луғати русӣ-тоҷикӣ аз зоология» (1974), «Асрори табиат» (1986), «Ҳифзи табиати кишвар» (1987), «Ҳифзи табиаткори зиндагӣ» (2001), афсонаҳои «Лаклаки сафед» (2002), «Ишқи мор» (2007), «Шоҳпаланг» (1998), «Наҳанги мӯйлабдор» ва ғ. зодаи қалами ӯстанд. Китобҳои барои наврасон таълифкардаи вай «Қози якпо» (1987), «Лаби уштур овезон» (1990), «Асрори табиат» (1997), «Қиссаи лаклаки сафед» (2011), «Наҳанги мӯйлабдор» (2009), «Марди латтапайванд» (1983) мақбули ҳамагонанд. Қиссаҳои мустанади «Нури Самарқанд» (1999), «Тақдир» (1999), «Ҷонфидои Машриқзамин» (2000), «Қиссаи Фозилпаҳлавон» (2002), «Гули сурхи Истаравшан» (2003), «Сарнавишт» (2012), «Мирзоёни ҷонфидо» (2011), «Ҳомиён» (2012), «Марди соҳибхирад» (2013)-аш ба гунаи китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд. Ҳикояҳояш бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, булғорӣ тарҷума шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2012);
- Медали академик Е.Н.Павловский;
- Ордени «Дӯстӣ»;
- Медали «Ҷанговари интернатсионалист»;
- Медали «Жуков»;
- Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии СССР ва ҶШС Тоҷикистон;
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2001);
- Медали «Пешрав»;
- Медали «Ҷанговари интернатсионалист»;
- Медали «Собиқадори меҳнат»;
- Медали «Нишони сухан».[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.228 - 229 ISBN 978-99947-2-379-9