Намадмолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намадмолӣ, мардҳо намадро бо дасту оринҷ ба пешу қафо меғелонанд

Намадмолӣ — барои сохтани намад пашми буз ё гӯсфандро ба андозаи даркорӣ ба болои палос паҳн карда, бо ҷорӯб пашмро зада ҳамвор менамоянд. Бо офтоба ба болои он оби ҷӯш пошида, пас аз намнок шуданаш, онро бо лӯла ё чӯби ҳамвор мемоланд. Дар ин ҳангом кам-кам ба он об пошида меистанд. Баъд аз ин ду-се нафар мардҳо ба зону нишаста, намадро бо дасту оринҷ ба пешу қафо меғелонанд. Тақрибан пас аз ду соат намадро боз карда, онро баръакс печонида, боз ғелонданро давом медиҳанд. Баъд аз шакли муайянро гирифтан ва ба дараҷаи даркорӣ сахт шудани намад онро кушода, дар офтоб хушк менамоянд. Намад дар хонаҳои сокинони Помир аз замонҳои қадим вазифаи гилем, палос, кӯрпаву кӯрпача ва кампалро иҷро мекунад. Зеро дар он минтақа пахта ва маҳсулоти пахтагин хеле кам буданд. Аз намад инчунин болопӯш ва арақчини асп, китфпӯши чӯпонон (чакман) тайёр карда мешавад. Дар Помир истеҳсол ва гулпартоии намадҳои пурнақшу нигор, асосан, касбу кори занҳо мебошад. Дар амали гулпартоӣ нақшҳои гуногуни анъанавӣ: резгигул, калонгул, миёнагул;нақшҳои ислими лола, бодом, нилуфар; тасвирҳои зооморфӣ: гули аждар, тоҷи хурӯс, товус, кабӯтар, морак,; нақшҳои ҳандасӣ: чоркалид, давра, турунҷ, ишкелбанд, занҷирбанд, гирдоб, мавҷ, каҷак ва ғайра истифода мешаванд. Барои таҳияи намади гулдор пашми рангшударо ба шакли дилхоҳ паҳн карда, об зада, сипас онро молиш медиҳанд. Пашмро дар дегҳо андохта ранг медиҳанд. Дар гузашта рангҳои табииро аз пӯстлохи анор, чормағз, гулу гиёҳҳои хушк омода мекарданд. Ҳоло рангҳои шимиёвӣ (химиявӣ) ба кор меравад. Дар навоҳии Кӯҳистони Бадахшон ранги гулобиро аз гиёҳи руван, ранги зардро аз гули насрин, ранги сурхро аз бехи хори гули насрин, ранги зарди сиёҳчатобро аз чӯби зардолу ва чормағз истеҳсол мекарданд. Дар вақти ба кор бурдани рангҳои табиӣ барои устувор нигоҳ доштани ранг аз маҳлули замч васеъ истифода менамуданд. Баробари афзудани истеҳсол ва воридоти гилему қолинҳои корхонаӣ эҳтиёҷ ба намад ва намадмолӣ кам шуда истодааст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 50 - 52.