Неъмат Бобоҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъмат Бобоҷон
Неъмат Бобоҷон
Таърихи таваллуд: 20 март 1942(1942-03-20) (82 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, нависанда

Неъмат Бобоҷонрӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъмат Бобоҷон (тав. 20 марти 1942, деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд) Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе, сипас дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст. Фаъолияти рӯзноманигориро соли 1968 дар идораи рӯзномаи «Роҳи коммунизм»-и шаҳри Ӯротеппа сар карда, сипас (солҳои 1977-1982) ҷонишини муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», солҳои 1982-1995 ташкилкунанда ва сармуҳаррири рӯзномаи байниноҳиявии «Заҳматкаш» будааст. Сипас, то охири соли 2002, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Истаравшан», буда, раиси бахши Истаравшани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба кори эҷодӣ бармаҳал сар карда, муаллифи маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои «Бозор зинда бошад», «Кӯчахандонак», «Кори тоҷикон кушода нашуд», «Гӯр мансаб шавад», «Зиндаятим», «Зани аскар», «Сталинобод», «Хонаи умед», «Тақдирсӯз», «Хайрхоҳ», «Бахосият», «Оинаи Парвардгор» ва ғ. мебошад. Барои маҷмӯаи ҳикояҳои «Зиндаятим» сазовори Мукофоти ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ гардидааст. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мукофоти ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 60 ISBN 978-99947-2-379-9