Jump to content

Нигина Рауфова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нигина Раупова)
Нигина Рауфова
Нигина Раупова
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 май 1945(1945-05-21)
Зодгоҳ деҳаи Шерамон, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 22 декабр 2010(2010-12-22) (65 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе,
Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 1971—2010
Кишвар  СССР,
 Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977)

Нигина Рауфова (21 майи 1945, Шерамон, ноҳияи Файзобод — 22 декабри 2010) — ҳунарманди маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодиияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Баъд аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе (1969—1970) барои кор ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват гардид. Солҳои 1971—1975 сарояндаи Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» (1975—1976), аз соли 1976 сарояндаи Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва баъд ансамбли «Дарё»-и Комитети ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Раупова Нигина овози дилнишину ҷолиб дошт, сурудро бо услуби хос месароид. Ӯ махсусан дар иҷрои суруду таронаҳои ишқӣ-лирикии халқӣ, инчунин дар сурудани офаридаҳои оҳангсозони тоҷик маҳорати баланд дошт.

Сурудҳои халқӣ — «Ёрат манам», «Қадат баланд аст ёр», «Ман садқаи ту», «Намепурсӣ номи ман», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонате», «Ошиқам» (оҳанги Ф. Одинаев, шеъри Лоиқ), «Аскарбача» (оҳанги X. Абдуллоев, шеъри А. Қодирӣ), «Бӯи гул» (оҳанги 3. Шаҳидӣ, шеъри Мирзо Турсунзода), «Ишқи хубон» (оҳанги М. Сафармамадов, шеъри халқ), «Кош медидам туро» (оҳанги Ҷ. Обидов, шеъри халқ) ва ғайра дар иҷрои ӯ писанди шунавандагон гардидаанд. Ба сурудҳои «Хуш омадед», «Наргиси шаҳло» «Файзобод», «Рубоиёт» худаш оҳанг бастааст. Ҳамроҳи Ансамбли рубобчизанон ва ансамбли рақсии «Лола» ба Белоруссия, Молдова, Украина, Фаронса, Афгонистон, Эрон сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977). Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 22 декабри соли 2010 аз олам чашм пушиданд.