Jump to content

Нуралӣ Нурзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуралӣ Нурзод
Нуров Нуралӣ Норович
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1974(1974-09-20) (50 сол)
Зодгоҳ деҳаи Вешаб, ноҳияи Айнӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ адабиёшиносӣ ва ховаршиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология[d]
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Роҳбари илмӣ академик Носир Салимов
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2004), Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (2014), Медали «Хидмати шоиста» (2016), Медали Камоли Хуҷандӣ ва Шаҳриёр (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012)

Нуралӣ Нурзодадабиётшинос, ховаршинос, шоир, номзади илмҳои филология (2002), доктори илмҳои филологӣ (2020) узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2005), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2004) ва Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (2014) ва дорандаи нишонҳои сарисинагии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2002) ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2012), Медали «Хидмати шоиста» (2016)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуралӣ Нурзод (Нуров Нуралӣ Норович) 20 сентябри 1974 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба итмом расондааст. Солҳои 1996-1999 дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил карда, соли 2002 дар мавзӯи «Маърифат ва шарҳи ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ, ҳамзамон, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ будааст. Солҳои 2009-2011 докторанти кафедраи адабиёти классикӣ буда, дар мавзӯи «Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абудқодири Бедил» рисолаи докторӣ таълиф намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 то апрели соли 2017 дар вазифаи мудири кафедраи адабиёти классикии донишгоҳи номбурда фаъолият бурдааст. Моҳҳои апрел то сентябри соли 2017 дар мақоми сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ кор кардааст. Ҳоло ба ҳайси муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорад. Санаи 13 феврали соли 2020 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи "Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил" ба дифоъ расонидааст.

Фаъолияти илмию эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ширкатвари нахустин Ҳамоиши байналмилалии чашмандози шеъри муосири форсӣ (Теҳрон, 2004), Кунгураи байналмилалии «Фарҳангу тамаддуни Эрон дар асри Элхонӣ» (Табрез, 2005), Анҷуманҳои панҷуму ҳаштуми устодони забону адабиёти форсӣ (Душанбе, 2006, 2011), дувумину савумин Кунгураи байналмилалии «Урси Бедил» (Теҳрон, 2006, 2008), дувумин Иди ҷаҳонии Наврӯз (Теҳрон, 2011), Ҳамоиши «Дурнамои рушди забони форсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» (Алмаато, 2012), семинари омузишии масоили таҳсилот дар зинаи Магистратура (Лаҳистон 2013), конфронси байналмилалии бузургдошти Амир Хусрави Деҳлавӣ (Душанбе 2013) ҳамоишҳои байналмилалии бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар Олмон (2014), адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист (Олмон 2014), ҳамоиши байналмилалии Мавлонои Балхӣ ва Ҳазрати Султон Боҳу (Покистон 2014), ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (Душанбе, Кулоб - 2015), ҳамоиши байналмилалии базургдошти Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (Душанбе, 2015,) ҳамоиши байналмалмилали бузургдошти Мирзо Абдулқодири Бедил (Лакҳнав, марти 2017), ҳамоиши байналмилалии "Мирзо Бедил ва мероси ӯ" (Чандигарҳи Ҳинд, июли соли 2017), ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Аллома Иқболи Лоҳурӣ (Покистон, ноябри соли 2017), ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Амир Алишери Навоӣ (Ӯзбекистон, феврали 2019) ва амсоли ин мебошад. Силсилаи мақолаҳояш дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва электронии хориҷӣ, аз ҷумла, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон,Англия, Ҳолланд, Ҳинд, Бангладеш, Ӯзбекистон ва ғ. ба дасти чоп расидаанд. Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[1].

Маҷмӯан, муаллифи 14 китоб, аз ҷумла, панҷ дафтари ашъор – «Азони танҳоӣ», (Хуҷанд, 2005), «Меҳроби шукуфаҳо» (Хуҷанд, 2010), "Такрори таронаи борон" (2014), "Ба ёди дуои модарам" (2017), "Як чаман хотираи боғи падар" (2018) ва беш аз 500 мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ мебошад, ки ба нақду баррасии масоили назму насри муосири форсӣ, аз ҷумла, пайванди адабии кишварҳои форсизабон дар Эрону Афғонистон низ мунташир гардидаанд. "Девон"-и Нақибхон Туғрали Аҳрориро тасҳеҳ намудааст, ки ба истикболи 150 солагии шоир бо ду хат - форсӣ ва сириллик аз чоп баромад. Китоби "Золотой венец"-и Александ Хайзерро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст, ки маҷмуаи мақола ва очеркҳои муаллифро роҷеъ ба ҷойгоҳи адабиёти форсу тоҷик ва адибони ҷудогонаи он дар Аврупо, хоса Олмон фаро мегирад. Дар умум дар таҳия ва нашри беш аз 10 китоб, аз ҷумла "Наврӯзномаи Суғд" бо ду хат- сириллик ва форсӣ, силсилаи баргузидаи "Садбарги ғазал"-и Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедили Деҳлавӣ ва амсоли ин саҳм гирифтааст.

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.167 - 168 ISBN 978-99947-2-379-9