Орзу Исоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Орзу Исоев
Орзу Исоев.jpg
Навъи фаъолият:

рӯзноманигор, шоир, таронанавис

Санаи таваллуд:

14 октябр 1976(1976-10-14) (42 сол)

Зодгоҳ:

Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Фарзандон:

Таманно, Довуд ва Ануш.

Сайт:

https://www.facebook.com/isoevo

Орзу Исоев (тав. 14 октябри 1976, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, шоир ва таронанависи саршиноси тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Орзу Исоев 14 октябри 1976 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Дар чаҳор солагӣ падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва ҳар яке оилаи нав барпо мекунанд[1]. Хатмкардаи бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав, соли 2001 мебошад.

Фаъолият[вироиш]

Замони донишҷӯ буданаш соли 2000-ум аввал ба ҳайси рассом ба телевизиони Хатлон кор даромада, баъд як сол ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул гардид[2]. Баъдан дар телевизиони давлатии «Тоҷикистон», ТВ «Сафина», як муддат дар «Тоҷикфилм», радиои «Имрӯз» фаъолият карда, айни ҳол дар ТВ «Сафина» фаъолият дорад.

Оиладор соҳиби се фарзанд: ду писар ва як духтар[3].

Эҷодиёт[вироиш]

Таронаҳои Орзу Исоевро хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон, амсоли «Нагӯ-нагӯ»-и Нозияи Кароматулло, «Ту бигӯ ошиқами»-и Нигина Амонқулова, «Сабад-сабад»-и Муҳаммадрофеъ, «Ҷойи ту холӣ»-и Садриддин, «Ошнои гумшуда»-и Юлдуз Усмонова, «Сояҳо»-и Ҳабиб Ҳакимов, «Кифоя нест»-и Меҳрнигор, «Танҳоӣ»-и Шабнами Сурайё, «Ҳамсоябача»-и Нигора Холова сароидаанд[4].

Намунаҳо аз ашъор[вироиш]

Он сӯи ёдҳо

Он суи ёдҳо,
Он ҷо, ки баргро хабар аз тирамаҳ набуд,
Гул хоки раҳ набуд,
Шабҳош бе шаҳомати рухсори маҳ набуд,
Як фард лобалои чаҳорсолагии ман,
Бо исмати рубоби наҳифе
Оҳанг менавохт.
Оҳанги ҳаҷр буд,
Ҳаҷри фариштаҳо.
Ҳаҷри сурури сабз,
Ҳаҷри чаковак аз тани девори кӯдакӣ,
Ҳаҷри баҳор аз дили ночори кӯдакӣ.
Сахт аст, эй маҷид,
Бо чашми хеш дидани овори хешро.
Бо дасти баста бурдани кулвори хешро.
Сахт аст, агар лобалои чаҳорсолагӣ агар,
Он фарди хушнавоз
Отифаро ба мех биовезаду равад.
То баъди си баҳор, ки аслан хазон буд,
Дар ҷустуҷӯи қофилаҳо дар ба дар шавад.
Оҳ, ай Худо, чи гуна тавонам, ки баъд аз ин
Дар лобалои исмати як фарди ношинос
Он вожае, ки ҳеҷ ба сери нагуфтамаш,
Дар ҷамъи панҷ ҳарф
Аз дил ба дар шавад,
Яъне падар шавад!?

Осор[вироиш]

Маҷмӯаи ашъори Орзу Исоев дар аввалин китоби ӯ бо номи «Он суйи ёдҳо» дар ҳаҷми 220 саҳифа гирд оварда шуда аз ҷониби нашриёти «Эр-граф» интишор гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]