Орландо Блум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Орландо Блум
англ. Orlando Bloom
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд англ. Orlando Jonathan Blanchard Copeland Bloom
Таърихи таваллуд 13 январ 1977(1977-01-13)[1][2][3][…] (47 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша ҳунарпешаи синамо, мудел, ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпеша
Ҳамсар Miranda Kerr[d]
Фарзанд Flynn Bloom[d] ва Daisy Dove Bloom[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Орландо Блум (англисӣ: Orlando Bloom) (13 январ, 1977 — ) дар шаҳри Кэнтерберии Инглистон ба дунё омадааст. Падари ӯ - Гарри Блум, нависанда буд. Ӯ дар синни чорсолагии писараш вафот мекунад ва тарбияи Орландои хурдсолу хоҳари калонияш Саманта ба дӯши модараш меафтад. Ӯ фарзандонашро дар муҳити санъатпарастӣ, дӯст доштани каломи бадеъ ва театр ба воя мерасонад. Орландо ҳаёти эҷодии худро аз қироат кардани шеъру ҳикояҳои ба ӯ маъқул сар кардааст, вале дере нагузашта, вақте ки мефаҳмад қаҳрамони дӯстдоштааш - Супермэн - ҳунарпешае бо номи Кристофер Рив мебошад, дар сари ӯ ҳаваси ҳунарпеша шудан пайдо мешавад.

Соли 1993 дар синни 16 солагӣ, Орландо зодгоҳашро тарк карда, ба Лондон меояд, ва дар Театри Миллии Ҷавонон тайи ду сол кор ва фаъолият менамояд. Истеъдоди ӯро ба назар гирифта, Орландоро ба Академияи британиявию амрикоии Драма (British American Drama Academy) ба таҳсил мефиристанд.

Пас аз хатми Академия, Блум дар намоишномаи "Сайругашт дар ҷангалҳои Вена" /A Walk In the Vienna Woods/ иштирок меварзад. Пас аз ин, ӯро ба филми "Уайлд" /Wilde, 1997/, даъват менамоянд, ки он дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависанда Оскар Уайлд буд.

Баъд аз ин филм, Орландоро барои иштирок дар дигар филмҳо низ даъват карданд, вале ӯ омӯзишашро давом дода, ба Мактаби мусиқиву драмаи Гилдҳол (ин даргоҳро чунин ситорагон, ба мисли Эван МакГрегор, Бен Чаплин ва Ҷозеф Файнс хатм намудаанд) давом дод. Дар давоми таҳсил ӯ дар театр нақшҳо меофарид ва дар шоуҳои телевизионӣ иштирок меварзид.

Соли 1998 ҳангоми таҳсил дар Гилдҳол, ба Орландо ҳодисаи нохуше рӯй дод - ӯ аз бом афтида, сутунмӯҳраашро маъюб кард. Духтурон гуфтанд, мумкин аст ӯ дигар роҳ гашта натавонад. Вале, хушбахтона, пас аз як ҳафта ӯ бо асобағал ва муддате пас бе он ҳам роҳ гашт.

Пас аз хатми Гилдҳол, ба ҳунарпеша лозим меояд, ки Инглистонро тарк намояд ва ба Зеландияи Нав равад. Дар ин ҷо филми "Молики нигинҳо" /Lord of the Rings/ (коргардон Питер Ҷексон) ба навор гирифта мешуд ва Орландо дар он яке аз нақшҳоро бояд мебозид. Пеш аз ба наворгирии филм, Орландо аспсаворӣ, тирпаронӣ, шамшербозиро машқ кард, то нақши ба зиммаи ӯ гузошташударо хуб офарида тавонад.

Филми "Молики нигинҳо" (дар байни дӯстдорони синамо дар Тоҷикистон, он дар шакли русияш "Властелин Колец" маълум аст.) декабри соли 2001 ба намоиш дода шуд ва диққати тамошобинону мунаққидонро ҷалб кард. Ҳарчанд ки дар қисми якуми ин филми сегона, нақши Орландо Блум нақши асосӣ набуд, ӯ ба тамошобинон хеле писанд омад.

Пас аз ин филм шуҳрати Орландо дар Ҳолливуд афзуд ва ба ӯ коргардонҳои машҳур иштирок дар филмҳояшонро пешниҳод карданд. Орландо иштирок дар яке аз нақшҳои асосӣ дар филми "Пиратҳои баҳри Кариб"-ро интихоб кард. Ин филм низ, ба мисли филми "Молики нигинҳо" ба ҳамагон писанд омад. Дар наворгирии ин филм 125 миллион доллар сарф шуда бошад ҳам, он харҷи худро пурра пӯшонд (танҳо дар ИМА аз тамошои филм 300 миллион доллар ҷамъ карда шуд). Соли 2004 Блум дар филми «Троя» иштирок варзид, вале нақши офаридаи ӯ - Парис ба мухлисонаш он қадар маъқул нашуд.

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2007 Пиратҳои баҳри Кариб 3: Охири дунё/Pirates of the Caribbean 3: World's End/ <>
  • 2006 Пиратҳои баҳри Кариб 2: Сандуқи мурда /Pirates of the Caribbean: Dead Man's Chest/
  • 2006 Бандар /Haven, The/
  • 2005 Шоҳигарии осмон /Kingdom of Heaven/
  • 2005 Элизабеттаун /Elizabethtown/
  • 2004 Троя /Troy/
  • 2003 Пиратҳои баҳри Кариб /Pirates of the Caribbean/
  • 2003 Молики нигинҳо 3: Бозгашти шоҳ /Lord of the Rings: The Return of the King, The/
  • 2003 Нед Келли /Ned Kelly/
  • 2002 Молики нигинҳо 2: Ду қалъа /Lord of the Rings: The Two Towers, The/
  • 2001 Молики нигинҳо: Бародарии нигин /Lord of the Rings: The Fellowship of the Ring, The/
  • 1997 Уайлд /Wilde/


⚙️ Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович
  1. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  2. filmportal.de — 2005.
  3. GeneaStar
  4. Deutsche Nationalbibliothek Record #129505943 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.