Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Жан-Клод Ван Дамм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Жан-Клод Ван Дамм
Jean-Claude Van Damme
Ном ҳангоми таваллуд Жан-Клод Комил Франсуа Ван Варенберг
Таърихи таваллуд 18 октябр 1960(1960-10-18)[1][2][3] (65 сол)
Зодгоҳ Беркем-Сент-Агат, Белгия
Кишвар
Пеша устоди ҳунарҳои размӣ, ҳунарпеша
Падар Юҷин Ван Варенберг
Модар Элиана Ван Варенберг
Завҷа Gladys Portugues[d]
Фарзанд Kristopher Van Varenberg[d] ва Bianca Bree[d]
Ҷоизаҳо
Officer of the Order of the Crown
Имзо
Вебгоҳ jcvdworld.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Жан-Кло́д Ван Да́мм (англ. Jean-Claude Van Damme) ном ҳангоми таваллуд Жан-Клод-Комил-Франсуа Ван Варенберг (англ. Jean-Claude Camille François Van Varenberg) 18 октябри 1960 дар Беркем-Сент-Агати Белгияҳунарпеша, коргардон, нависанда, таҳиякунандаи белгиягӣ ва мураббии кикбоксинг.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Жан-Клод Ван Дамм 18 октябри соли 1960 дар Беркем-Сент-Агати Белгия таваллуд шудааст. Падари ӯ муҳосиб ва соҳиби гулхона буд. Ӯ писарашро аз 10 солагиаш ба мактаби карате медиҳад. Аз 12 солагӣ машқашро идома дод. Ба ғайр аз карате Ван Дамм боз соҳиби маҳорати 4 намуди варзиш: кикбоксинг, муай тай, кунг-фу ва тхэквондо аст. Дар ҷавониаш толори варзишие бо номи «California Gym» месозад.

Ван Дамм мусиқии классикиро дӯст медорад. Оҳангсози дӯстдоштааш - И. Бетҳовен мебошад. Забони англисиро аз филми тасвирии "Флинстоунҳо" ёд гирфтааст. Ӯ боз донандаи забони нидерландӣ, фаронсавӣ ва немисӣ мебошад.

Карате ва кикбоксинг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 16-солагӣ дар чемпионати Белгия оид ба карате ҷойи намоёнро гирифта, чемпиони Аврупо гардид ва соҳиби миёнбанди сиёҳ гардид. Соли 1978 дар чемпионати бодбилдинг ҷойи 4-умро ишғол намуд. Вале соле пештар дар Белгия ҷойи аввалро гирифта буд. Лақаби ӯ Оғои Белгия ба ҳисоб мерафт. Соли 1979 дар чемпионти каратэ ва кикбоксинг ҷойи аввалро ишғол намуд ва ӯ соҳиби миёнбанди сиёҳ гардид. Аз 22 қувваозмоии варзишӣ (дар каратэ ва кикбоксинг) дар 20 ғолиб омада (13-нокаут ва 7 - нокаути техникӣ), танҳо дар 2-тоаш шикаст хӯрд.Соли 1979 ӯ дар байни 59 сония бар рақибаш кикбоксёр Шерман Бергман ғолиб омад. Дар соли оянда бар чемпиони Британияи Кабир Майкл Ҷ. Хеминг ғолиб омад. Соли 1980 Ван Дамм спаринг-шарики Чак Норрис ба ҳисоб мерафт.

Эҷодиёт дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 50 филм нақш бозидааст, аз ҷумла «Варзиши хунин» (1988), «Кикбоксер» (1989), «Шердил» (1990), «Ордер ба марг» (1990), «Зарбаи дучанд» (1991), «Сарбози ҳамадон» (1992), «Роҳе барои фирор нест» (1993), «Ҳадафи мушкил» (1993), «Полиси вақт» (1994), «Муборизи биёбонӣ» (1994), «Марги ногоҳ» (1995), «Дар ҷустуҷӯи саёҳат» (1996), «Колония» (1997), «Сарбоз» (1998), «Сарбози ҳамадон 2: Бозомад» (1999), «Репликант» (2001), «Ҳушёрии марг» (2004), «Ж. К. В. Д.» (2008), «Номасрафҳо 2» (2012), «Душманони наздик» (2013) ва ғайраҳо.

Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
1979 ф Зан байни саг ва гург Een vrouw tussen hond en wolfҷавон дар ҳавз / тамошобини кинотеатр
1984 ф Монако ҳамеша Monaco Foreverкаратист
1984 ф Брейк-данс Breakin'тамошобини рақскардаистода
1984 ф Бехабар гумшудагон Missing in Actionкаскадёр
1986 ф На ақибнишинӣ, на таслим No Retreat, No SurrenderИван Крашинский
1988 ф Варзиши хунин BloodsportФрэнк Дюкс
1988 ф Уқоби Сиёҳ Black EagleАндрей
1989 ф Киборг CyborgГибсон Рикенбакер
1989 ф Кикбоксер KickboxerКурт Слоун
1990 ф Шердил LionheartЛеон Готйе
1990 ф Ордер ба марг Death WarrantЛуис Бёрк
1991 ф Зарбаи дучанд Double ImpactЧед Вагнер, Алекс Вагнер
1992 ф Сарбози ҳамадон Universal SoldierЛюк Деверо
1993 ф Охирин киногерой Last Action Heroкамео
1993 ф Роҳе барои фирор нест Nowhere to RunСэм Ҷиллен
1993 ф Ҳадафи мушкил Hard TargetЧенс Будро
1994 ф Полиси вақт TimecopМакс Уокер
1994 ф Муборизи хиёбонӣ Street Fighterполковник Уилям Гайл
1995 ф Марги ногоҳ Sudden DeathДаррен Маккорд
1996 с Дӯстон Friendsкамео
1996 ф Дар ҷустуҷӯи саёҳат The QuestКристофер Дюбуа
1996 ф Ниҳояти хатар Maximum RiskАлен Моро, Михаил Суверов
1997 ф Колония Double TeamҶек Куинн
1998 ф Тақлиб Knock OffМаркус Рей
1998 ф Сарбоз LegionnaireАлен Лефевр
1999 ф Сарбози ҳамадон 2: Бозомад Universal Soldier: The ReturnЛюк Деверо
1999 ф Инферно InfernoЭдди Ломэкс
2001 ф Репликант ReplicantРепликант, Эдвард Гэрротт
2001 ф Сири орден The OrderРуди Кэфмейер, Шарл Ле Веллан
2002 ф Зери роҳ DerailedЖак Кристофф
2003 ф Дар дӯзах In HellКайл Леблан
2004 с Лас-Вегас Las-Vegasкамео
2004 ф Ҳушёрии марг Wake of DeathБен Арчер
2004 ф Нарко Narcoкамео
2006 ф Дуюм дар гурӯҳ Second in CommandСэм Кинен
2006 ф Ҳимоятгари сангин The Hard CorpsФилипп Соваж
2006 ф Имтиҳон SinavЧарлз
2007 ф То марг Until DeathЭнтони Стоу
2008 ф Фармони махсус The Shepherd: Border PatrolҶек Рабидо
2008 ф Ж.К.В.Д. JCVDкамео
2009 ст Робочӯҷа Robot Chickenкамео, Ретт Батлер, Дракула
2010 ф Сарбози ҳамадон 3: Тавлид Universal Soldier: RegenerationЛюк Деверо
2011 тас Кунг-фу панда 2 Kung Fu Panda 2мастер Крок
2011 ф Бозии киллерон Assassination GamesВинсент Брэзил
2011 ф Шаҳри хуб Beur sur la villeполковник Мерот
2011 ҳуҷ Жан-Клод Ван Дамм: Қафои дарҳои маҳкам Jean-Claude Van Damme: Behind Closed Doorsкамео
2012 ф Ржевский зидди Наполеон Ржевский против Наполеонакамео
2012 ф Чашмони аждаҳор Dragon EyesТиано
2012 ф Номасрафҳо 2 The Expendables 2Жан Вилен
2012 ф Шаш тир 6 BulletsСамсон Гол
2012 ф Сарбози ҳамадон 4 Universal Soldier: Day of ReckoningЛюк Деверо
2012 ф Ҳуҷум аз дарун U.F.O.Ҷорҷ
2013 ф Душманони наздик Enemies CloserКсандер
2014 ф Марҳамат ба ҷангал Welcome to the JungleСторм Ротчайлд
2014 ф Гармоикашанда SwelterСтиллман
2015 ф Як таги гӯшт Pound of FleshДикон Лайл
2015 ф Одам-блин 煎饼侠камео
2016 ф Кикбоксер: Интиқом Kickboxer: Vengeanceмастер Дюран
2016 тас Кунг-фу панда 3 Kung Fu Panda 3мастер Крок
20162017 с Жан-Клод Ван Ҷонсон Jean-Claude Van JohnsonҶонсон, камео
2017 ф Ҳамаи онҳоро бикуш Kill 'Em AllФилип
2018 ф Кикбоксер: Бозомад Kickboxer: Retaliationмастер Дюран
2018 ф Оби сиёҳ Black WaterСкотт Уилер
2018 ф Лукас The BouncherЛукас
2019 ф Мо ҷавон мемирем We Die YoungДаниэл
2021 ф Охирин муздур Le Dernier mercenaireРичард Брумер
2021 ф Бадбинон Haters
2022 тас Минёнҳо: Болоравии Гру Minions: The Rise of GruЖан Клод
ф Френчи FrenchyФренчи

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ

  1. filmportal.de — 2005.
  2. Discogs(англ. амр.) — 2000.
  3. Munzinger Personen (нем.)
⚙️ Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо Морган Фриман Энтонӣ Ҳопкинс Зак Эфрон  Жан-Клод Ван Дамм Силвестер Сталлоне Стивен Сигал Уилл Смит Арнолд Швартсенеггер Тобӣ Магуайр  Том Круз Долф Лундгрен Ҷет Ли Брюс Ли Ҷеки Чан Орландо Блум Патрик Стюарт Хю Ҷекман Крис Эванс Бред Пит Ҷоннӣ Депп Николас Кейҷ Бен Аффлек Киану Ривз Дэвид Духовни Мэрилин Монро  Елизабет Тайлор  Мэрил Стрип  Ким Бейсингер  Сандра Баллок  Ума Турман  Милла Йовович