Уилл Смит
Уилл Смит | |
|---|---|
| Will Smith | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд: | Уиллард Кэрролл Смит-хурдӣ |
| Таърихи таваллуд: | 25 сентябр 1968[1][2][3][…] (57 сол) |
| Зодгоҳ: | |
| Шаҳрвандӣ: | |
| Касб: | ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпеша, коргардони филм, овозхон, рэпер, таҳиякунандаи филм, ҳунарпешаи шахсият, таҳиякунандаи мусиқӣ, оҳангсоз, коргардон, садопеша, таронасаро, овозхон-таронапардоз, таҳиякунандаи иҷроӣ, нависанда, башардӯст, корофарин, тоҷир, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, producer |
| Корнома: | 1985 — то ҳол |
| Самт: | ҳип-ҳоп[d] |
| Ҷоизаҳо: | |
| IMDb: | ID 0000226 |
| willsmith.com | |
Уиллард Кэрролл Смит (англ. Willard Carroll «Will» Smith,; 25 сентябри соли 1968, Филаделфия, Пенсилвания, ИМА) — ҳунарпешаи синамо ва телевизион, коргардон, сароянда аст. Соҳиби 4 ҷоизаи «Глобуси тилоӣ», ҷоизаи «Грэмми». Соли 2008 бойтарин ҳунарпешаи ҷаҳон дар маҷаллаи Forbes ба ҳисоб мерафт.
Хонавода ва ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Уиллард Кэрролл Смит-хурдӣ 25 сентябри соли 1968 дар Филадерфия, Пенсилвания, ИМА таваллуд шудааст. Модари ӯ Кэролайн дар мактаб кор мекард, падараш Уиллард Кэрролл Смит-калонӣ — муҳандис буд. Волидони ӯ дар 13 солагиаш ҷудо шуда буданд. Худ Уилл бо ҳамсари аввалаш Шири Зампино соли 1995 ҷудо шуд, ки бо ӯ 3 сол зиндагӣ кард (9 майи 1992 то 10 декабри 1995). Писари ӯ Уиллард Кристофер Смит III (Трей) бо модараш монд. Баъди ду сол, 31 декабри 1997 Смит бо дугонаи пешинааш Ҷада Пинкетт хонадор шуд. Онҳо ду кӯдакдор шуданд: писар Ҷейден Смит (8 июли 1998) ва духтар Уиллоу Смит (31 октябри 2000). Бо духтараш — дар филми «Я — легенда» ва бо писараш — дар филми «В погоне за счастьем» ва «После нашей эры» нақш офарид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #12100869X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 25 сентябр
- Зодагони соли 1968
- Зодагони Филаделфия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои ИМА
- Ҳунарпешамардони телевизиони ИМА
- Садопешамардони ИМА
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Кинопродюсерҳои ИМА