Ортиқи Қодир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ортиқ Қодиров)
Jump to navigation Jump to search
Ортиқи Қодир
Қодиров Ортиқ Ашӯрович
Санаи таваллуд:

14 март 1956(1956-03-14) (63 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Касб:

ҳунарпешаи театр ва синамо, журналист

Мукофотҳо:

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999)
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2009)

Ортиқи Қодир (Қодиров Ортиқ Ашӯрович; тав. 14 марти 1957, деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, журналист. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2009).

Зиндагинома[вироиш]

Ортиқи Қодир 14 марти соли 1956 (дар ҳуҷҷатҳои расмӣ иштибоҳан соли 1957 сабт гардидааст) дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

Соли 1964 дар мактаби миёнаи № 50-и деҳа ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1974 баъди хатми мактаби мазкур ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, ба Шӯъбаи актёрии факултаи иҷрокунандагӣ дохил мешавад.

Солҳои таҳсил бо 3 нишони фахрии «Барои хониши аъло»-и Иттифоқи ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шудааст.

Соли 1977 ғолиби Озмуни умумииттифоқии ровиён ба номи Владимир Яхонтев байни донишҷӯёни донишкадаҳои олии санъати ИҶШС ва мамолики сотсиалистӣ (бо ибтикори КМ ВЛКСМ ва ВТО — Ҷамъияти умумииттифоқии театрӣ) дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) мегардад.

Солҳои донишҷӯӣ бо ҳидояти Комсомоли Тоҷикистон дар ҳайати консертии донишкада ва намояндаи КМ комсомол ба ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа (собиқ) ба сифати баранда, ровӣ ва ҳунарпеша (иҷрокундаи нақш дар саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ) (с.1975) ва соли 1976 дар ҳайати ҳунармандони театри ба номи А.Лоҳутӣ ба вилояти Бухорои ҶШС Ӯзбакистон ба ҳайси барандаи консерт ва ровӣ ба сафари ҳунарӣ мебарояд.

Аввалин баромад ва ҳунарнамоии ӯ дар телевизион ва радиои тоҷик аз солҳои донишҷӯияш (1975) оғоз ёфтааст.

Ҳунарнамоӣ[вироиш]

Соли 1978 бо роҳхати Вазорати фарҳанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор даъват мешавад.

Дар тӯли фаъолияти хеш Ортиқи Қодир дар соҳаи театр даҳҳо нақшҳои хурду калон офаридааст, ки намунаи онҳо:

  • Шаҳзода — «Кӯзаи гӯё», А. Абӯбакар,
  • Наим — «Ибтидо», А. Ҳамдам,
  • шоҳ «Бахтатро бедор кун», Н. Бақозода,
  • вазир — «Саргузашти Ту Ту» Б.
  • вазири мушон — «Қиссаи аҷибу ғариб», Т. Аҳмадхонов,
  • Лоҳутӣ — « Қиёми Лоҳутӣ», А. Атобоев,
  • Ҳомид — «Раъно», Н. Исломов, Ф. Қосимов,
  • Давлатов — «Ҷияни хира», Ш. Солеҳ,
  • Обидҷон — «Тахти Султонмаҳмуд», Ш. Солеҳ,
  • Хоҷа Ҳофиз — «Кабки қафас», Т. Зулфиқоров,
  • Рӯдакӣ — «Рӯдакӣ», С. Улуғзода ва ғайраҳо.

Аз соли 1991 то 1995 дар симмати актёри Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии «Оина»-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз соли 1996 то 2001 муовини сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» буд. Аз соли 1996 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Мукофоту ҷоиза[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]