Очерк (Қиссаи мустанад)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Очерк (Қиссаи мустанад)

Мафҳуми очерк дар радифи жанрҳои эпикӣ ё ҳамосавӣ асарҳои насрие ҳастанд, ки дар асоси ҳуxxат, воқеият, рeйдодҳои дилчасп, ҳодисаҳо ва шахсиятҳои шинохтаи воқеӣ навишта мешаванд. Бинобар ин дар онҳо нисбат ба ҳикоя, қисса, роман, достон барин жанрҳо тахайюли нависанда мавқеи маҳдуд дорад. Чунин асарҳо ба хелҳои гуногун ҷудо мешаванд ва муҳимтарини онҳо сафарнома, ёддошт ва очерк мебошад. Пайдоиши сафарнома ва ёддошт ба адабиёти асримиёнагии тоҷик рост меояд, вале очерк маҳсули адабиёти давраи нав мебошад.

Таърих[вироиш]

Очерк (қиссаи мустанад) дар адабиёти ҷаҳон ба пайдоиши матбуот вобаста мебошад. Аввалин намунаҳои очерк дар мамлакатҳои Аврупо пайдо шудааст. Маxаллаҳои «Болтун» (1701 – 1717) ва «Зрител» (1711-1714) нахустин бор маводеро чоп кардаанд, ки аз нигоҳи шеваи баён ба очерк монандӣ доштанд. Баъдҳо як гурӯҳ қаламкашони Англия, Фаронса, Олмон, Италия, Русия кeшиш мекарданд, ки навиштаҳои онҳо аз ҳар ҷиҳат ба ҳақиқати воқеӣ наздик бошад. Аз солҳои 30-40 асри ХIХ сар карда дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон очерк як воситаи таблиғу ташвиқ ва омодасозии мардум ба дигаргуниҳои кулии сиёсӣ ва иқтисодӣ гардид.

Очерки тоҷик низ ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти он алоқаи ногусастанӣ дорад. Дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои «Бухорои шариф» (1912), «Ойина» (1913), «Рӯзномаи баҳри Хазар» (1914), «Садои Туркистон» (1914), «Иштирокиюн» (1918), «Шӯълаи инқилоб» (1919) Мирзо Сироҷи Ҳаким, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Мунаввар Қорӣ, Абдуррауфи Фитрат, Садриддин Айнӣ, Абдулло Авлонӣ, Абдулҳамид Сулаймон, Саидризо Ализода маводеро ба чоп расондаанд, ки дар онҳо ҳодисаҳои муҳими иxтимоӣ аз нигоҳи шахсиятҳои воқеӣ таҳлил мешуд. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ном асари С. Айнӣ, ки дар 9 шумораи соли 1920 ва 18 шумораи соли 1921 рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб» дарҷ гардидааст, аз тарафи нависанда очерк номида мешавад. Дар солҳои баъдина шумораи маҷаллаву рӯзномаҳо меафзояд, ки ин ба фаъолияти боз ҳам бештари рӯзноманигорӣ ва очеркнависии адибон мусоидат мекунад. Очеркҳои «Колхози «Коммунизм» ва «Тирози xаҳон»-и С. Айнӣ, «Ҳикоёти устоди мисриён»-и Ҳ.Карим, «Як қаҳрамони асри мо»-и Р.Ҷалил, «Зани ягонаи xумҳурият»-и Ҷ.Икромӣ, «Шарафи кор»-и Алӣ Хуш, «Вай шаҳри Ленинро мудофиа мекунад»-и С.Улуғзода, «Кабири ҳоитӣ», «Азими мерган»-и Ф.Ниёзӣ дар тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ ва мамлакатдории ҳар як фарди xомеа саҳми муносиб мегузоранд. Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ очерки тоҷик ҳам аз ҷиҳати мавзeъ ва мундариҷа ва ҳам лиҳози шаклу услуби баён инкишофу такмил ёфт. Ба вуҷуд омадани очеркҳои алоҳида, ба мисли «Оё чӣ бояд кард?» (Ҷ.Икромӣ), «Имтиҳони аввалин» (П.Толис), «Муҳоҷирон» (Ф.Муҳаммадиев), «Ҷӯра – саркор» (А.Сидқӣ) «Қисмати тоҷик» (Сорбон), «Эҳёи дил» (Шодон Ҳаниф), «Кишвари лутфу ширинсуханон» (Абдулҳамид Самад), «Ёхсу ва Ёхсучиён» (Карим Давлат), «Шинохти масъулият» ва «Як дидори бас деру кeтоҳ»-и (Абдулқодири Раҳим) гувоҳи ташаккули навъҳои гуногуни очерк дар адабиёти тоҷик мебошад. ҳамин тариқ, очерк масъалаҳои муҳими давру замон ва корномаҳои шахсиятҳои барxастаро, ки дар рeйдодҳои фарҳангӣ, иxтимоӣ ва сиёсии xомеа нақши арзанда доранд, мавриди тасвир қарор медиҳад ва дорои чунин хусусиятҳо мебошад: а) ҳамқадами замон буда, ба масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ бо тезӣ дахолат мекунад; б) дар бораи рӯйдодҳое баҳс мекунад, ки дар як давраи муайян барои ҷомеа ва давлат аҳамияти дараҷаи аввал доранд. Яъне, фаврият ва зарурият хоси очерк мебошад. Ин аст, ки очеркро жанри ҷанговари адабиёт ва матбуот меноманд.

Очерк асосан ба навъҳои иxтимоӣ, портретӣ, таърихӣ ва сафарӣ xудо мешавад. Дар очерки иҷтимоӣ нависанда ба муҳимтарин масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ дахл карда, дар асоси таҳлилу муҳокима хулосаҳои амиқи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебарорад. Дар очеркҳои Ф. Муҳаммадиев «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956) ва «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) масъалаҳои иқтисодиёти хоҷагии деҳоти Тоҷикистон дар солҳои 50- ум ва 60-уми асри ХХ аниқу муфассал тасвир гардидааст. Дар очерки портретӣ зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони пешқадами илму фарҳанг, хоxагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои меҳнат тасвир мешавад. Масалан, дар «Эҳёи дил» (2003) ном очерки Шодон Ҳаниф фаъолияти меҳнатӣ, xаҳду талошҳои касбазхудкунӣ ва маърифату масъулияти инсонии академики АИ Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино, профессори соҳаи тиб Неъматулло Усмонов самимона ба тасвир омадааст. Дар очерки сафарӣ мушоҳидаҳои нависанда ҳангоми сафар мавқеи муҳим дорад. Очеркҳои сафарӣ хонандаро ба урфу одат, комёбиҳои илмию меъморӣ ва дастовардҳои меҳнатии сокинони кишварҳои дуру наздик шинос менамояд. Масалан, дар маркази тасвирҳои «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» ном очерки Сотим Улуғзода устод Садриддин Айнӣ меистад. Ин пири хирад айёми xавонӣ, донишандeзӣ ва камолотро, ки ба солҳои 1890-1917 рост меояд, дар шаҳри бостонии Бухоро гузаронидааст. Шаҳри Бухоро, масxиду мадрасаҳо, муҳити илмию адабӣ ва муносибати иxтимоии зиёиён, ки боиси ба дараxаи нависандаи xаҳоншумул сабзидани ин писари деҳотӣ мегардад, ба хонандаи тоҷик таассуроти амиқи маърифатӣ мебахшад. Намунаи беҳтарини очеркҳои таърихӣ «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944) ном асарҳои устод Айнӣ мебошанд. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниёгони мо ба муқобили арабҳои истилогар (VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи чингизиёни ғосиб тасвир меёбад. Нависанда корнамоиҳои Муқаннаъ ва Темурмаликро ба муқобили аxнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомeзад. Умуман, очерк чун як қисмати муҳими насри мустанад1 дар адабиёти садаи ХХ тоҷик мавқеи арзанда дорад. Нависандагон Фазлиддин Муҳаммадиев, Аъзам Сидқӣ ва Мутеулло Наҷмиддинов дар адабиёти тоҷик чун очеркнависони беҳтарин шинохта шудаанд.

Сарчашма[вироиш]

Манбаъ[вироиш]