Jump to content

Понғоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Понғоз (деҳа, н. Ашт))
Деҳа
Понғоз
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Деҳоти Понғоз
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 6780 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3453

Понғоздеҳаест дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт. Аз Понғоз то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 6780 нафар (2017), тоҷикон.

Сол 2010[1] 2020
Аҳолӣ 5248 7427

Понғоз дар қисми шимолии ноҳияи Ашт воқеъ буда, дурдасттарин деҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маркази деҳа аз сатҳи баҳр дар баландии 1450 метр ҷойгир аст. Аз рӯи тадқиқот ё ташхисоти маркази боду ҳавосанҷӣ дар арзи 41° ва тӯли 71° воқеъ аст, масоҳати деҳа 250 км/мураббаъ мебошад.

Силсилакӯҳи Қурама яке аз шохаи асосии кӯҳи Тяншон буда, он дар шимоли деҳа тӯл кашидааст. Ба воситаи ағбаҳои Понғоз, Чарбу ва Кандир бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамҳудуд аст. Аҳолиаш 25,5 ҳазор нафар (соли 2010) буда, дорои 6181 оила мебошад. Ин маълумоти оморӣ нисбӣ буда, саршумори аҳолии Понғозии дигар шаҳру навоҳии Ҷумҳурӣ ва берун аз он бударо дарбар намегирад. Мавқеи ҷуғрофии Понғоз хеле мураккаб буда, агар дар тобистон дар қисми ҷанубии Понғоз гармӣ ҳукмронӣ кунад, дар баландкӯҳҳо ҳавои хунук ҳукмфармо мегардад. Ағлаби кӯҳҳои пасту баланди Понғоз аз рустаниҳо камбағал буда, ба эрозия дучор гаштаанд. Ҷангалзорҳо, туғайзорҳо ва олами ҳайвонот дар соҳили сой ва чашмасорон ғанӣ аст.

Силсилакӯҳи қаторкӯҳи Қурама аз шохаи асосии Тяншон буда, ба масофаи 170 км тӯл кашида, дорои иқлими алпист. Бо воситаи ағбаи Чарбу ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Махаллаи асосиаш МАШХАД мебошад. Аҳолӣ дар баландиҳои 1400-1700 метр маскан гирифтаанд.

Деҳаи Понғоз дар иҳотаи доманакӯҳҳост. Қисмати ҷанубии деҳа бо мавзеи Маҷидобод ба шаҳраки Шайдон пайваст аст. Аз 9 иқлими зинагӣ иборат буда, хусусиятҳои ба худ хос дорад, ба иқтисодиёти деҳа бетаъсир нест. Ба воситаи шохакӯҳҳои Сангбуррон ба деҳаи Ошоба, ба воситаи Пуштакӯҳи Понғоз дар ғарб бо Кӯли Хоҷа ва Мулломир ҳамсарҳад мебошад. Аз роҳи ҳавоӣ, обӣ, оҳан басо дур аст. Ҳамчун манотиқи кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ дар байни дигар деҳаҳо маълуму машҳур аст. Понғоз мисли дигар деҳаҳои кӯҳии Тоҷикистон дорои мактабу бемористон, нуқтаҳои алоқаю барқ, клубу бозорҳо ва ғайраҳо мебошад.

Понғоз саросар кӯҳистон буда, як қисми водии Фарғона ба шумор меравад. Кӯҳҳо ба тарафи ҳамворӣ паст шуда мераванд, ки ин ба иқлими мавзеъҳо бетаъсир нест. Қурама баландтарин кӯҳҳои шимоли Тоҷикистонанд. Қуллаи Бобои Об баландтарин нуқтаи он мебошад, ки аз сатҳи баҳр 3769 метр баланд аст. Ин қисм дар зери ҳаракатҳои тектоникии давраи чорум, ки аз 60 то 160 метр ғафсӣ дорад, тӯл кашидааст. Таркиби онҳо аз гил, рег, намак, санг, гипс, таҳшониҳои шикастаи дағал иборат мебошад.

Релефи Понғоз басо мураккаб буда, сабаби ҳосилшавии сойҳои байникӯҳӣ гардида, ҳосилшавии чашмаҳо ва обҳои зеризаминӣ гардидааст.

Релефи Понғоз ба се қисм ҷудо мешавад.

  1. Қисми шимолӣ: релефи эрозионӣ депудотсионӣ
  2. Қисми марказӣ: релефи аккумлятивӣ-эрозионӣ
  3. Қисми ҷанубӣ: релефи аккумлятивӣ, дар қисми поёнии деҳа релефи мухталиф вуҷуд дорад.

Ҷинсҳои таҳшонӣ зери таъсири бориши атмосферӣ монда, аз баландиҳо ба ҳамвориҳо таҳшин шудааст. Олимони соҳаи коншиносӣ қисми шимоли Понғозро релефи мураккаб арзёбӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз ҳамаи намудҳои ҷирмҳои давраҳои геологӣ мушоҳида шудаанд. То ҳол ҳаракатҳои тектонии замин идома дорад. Дар охири давраи юраи эраи мезозой 140 млн сол пеш аз ин кӯҳҳову ҷангалзорҳо пайдо шудаанд. Пайдоиши кони Ангрен ба ин давраи геологӣ марбут аст. Пайдоиши ҷирмҳои кӯҳии ин маҳал ба давраи карбони эраи палеозой монанд аст.

Давраи карбон ба се қисм ҷудо мешавад:

  • Карбони поёнӣ: Ин қисматро типи Қурама дар бар гирифта, рангаш кабудчатоби хира аст, ки дар ҳама мавзеъҳои деҳаи Понғоз дучор мешавад.
  • Карбони миёна: Фаъолияти дигаргуншавии қабатҳо сурат мегирад. Дар ин давра қисмҳои деҳаи Понғоз дар зери об монда, об таҳшониро ба вуҷуд овардааст, ки ин қабат дар навбати худ ба се қабат ҷудо мешаванд. А) Қабати кӯҳи дароз; Б) Қабати суничок; В) Қабати исковдок.
  • Қабати болои карбон аз ҷирмҳои гуногуни обтақсимкунанда ба ҳисоб мераванд.

Селҳои пайдарпай омада, ба хоҷагиҳои деҳа хисороти зиёд меорад. Баъзан бо гарм шудани ҳаво дар баландкӯҳ барфу яхҳо ва тармаҳо об шуда, сатҳи оби сойро боло мекунад. Дар фасли тобистон камобӣ ва беобӣ мушоҳида мешавад. Аммо ин ҳаводис на ҳама вақт ба вуқӯъ меояд. Селобаи соли 1999 хисорати зиёд овард. Хок низ аз омилҳои муҳими муайянкунандаи шароити ҷуғрофии ин ё он маҳал аст.

Пайдошавии хок ба релеф, иқлим, олами ҳайвоноту наботот ва организмҳои зиндаву ғайризинда иртибот дорад.

  1. Хокҳои хокистарранги сиёҳтоб то чуқурии 5-6 метр аз сангмайдаҳо иборат аст. Ин хок то 0,6 % гумус дорад. Ҳамчунин 0,8% фосфор дорад.
  2. Хоки марғзорону ботлоқӣ. Бо сабаби зиёд будани намнокӣ ин ҳодиса ба вуҷуд меояд. Хокҳое, ки дар иқлими Понғоз пайдо шудаанд, бо хокҳои регӣ аз шағалҳову сангрезаҳо иборатанд. Ба ҳама гуна хокҳо поруҳои маҳаллӣ, минералӣ меандозанд. Ағлаб заминҳои кӯҳсорон, доманакӯҳҳо, ҳамвориҳо ба эрозия дучор шудаанд. Дар минтақаи дарахтони арча хоки бешаҳои арчагӣ мавҷуданд. Пайдоиши он ба хоки ҷигарии равшан монанд аст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ деҳаи Понғоз 20%-и аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ҳар як км2 30-60 нафар аҳолӣ рост меояд. Ба ҳисоби миёна дар як км2 45 нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолӣ асосан дар миёнакӯҳ ва доманакӯҳҳо маскан гирифтаанд. Соли 1907 – 3542 нафар; Соли 1914 – 4242 нафар; Соли 1989 – 15300 нафар; Соли 2001 – 20600 нафар; Соли 2005 – 22900 нафар; Соли 2010 – 25500 нафар. Афзоиши табиии аҳолӣ баробари афзоиши аҳолии ҷаҳон аст. Мувофиқи ҳисобу китоби демографҳо аҳолии Понғоз соли 2031 ду баробар зиёд мегардад. Зиёдшавии аҳолӣ ба мигратсия, камбизоатӣ, бебизоатӣ ва дигар омилҳо оварда мерасонад.

Ҳайвоноту наботот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами гиёҳҳои шифобахш аз меваҳои худрӯй ва парвариши рустаниҳои кӯҳӣ дар доманакӯҳҳо ва даштҳо иборат аст. Аз 1500 намуд гиёҳҳои шифобахши ғизоӣ – давоӣ, 150-200 намудаш дар иқлими баландкӯҳи магмавӣ: грандиорит — порфирҳо, кварс-порфирҳо, фелзит-порфирҳо иборат аст. Дар ин давраҳо ҳодисаи тектоникӣ дар авҷ буд.

Сангҳои сурхи Саро, Ровакон марбути ин давраҳоянд. Дар тадқиқу омӯзиши кӯҳистони Понғоз саҳми ганҷҷӯён; С.Бобохоҷаев, Р.Нурматов, С.Абдураҳимов,Н.Муҳиддинов, З.Сайфиддинов калон аст.

Понғоз дар минтақаи иқлими мӯътадил воқеъ аст. Ин чунин маъно дорад, ки тобистон гарми хушк, зимистон мӯътадил аст. Сабаби иқлими хушк будан дар он аст, ки аз баҳру дарё дар масофаи дур ҷойгир аст. Минтақаи мо дар дохили материк буда, массаи ҳавоие, ки ворид мешавад, хушк мебошад. Массаи ҳавоӣ аз уқёнуси Атлантика омада, баъзан сабаби бориш мешавад. Аксарияти боду шамол аз самти ғарб ба шарқ мевазад, Вазиши шамолҳои сахт то суръати 15-20 м/сония мебошад. Аммо суръати шамолро кӯҳҳои Қурама ва шохаҳои он пасттар мекунанд. Анбӯҳи ҳавои арктикии аз тарафи шимолу ғарбӣ оянда дар фасли зимистон ба минтақаи мо омада мерасад. Ин бодҳо боиси сардии ҳарорати ҳавои минтақа мегардад. Ҳарорати ҳаво то -200 -250С паст мегардад. Моҳи гармтарин июл буда, ҳарорат то ба +240 – +280 гоҳо ба +350 – +400С мерасад. Хунуктарин ҳарорат моҳи январ буда, -8 – -170 паст мефарояд. Бориш дар баландиҳо ва миёнакӯҳҳо ба 300 мм мерасад. Бориш нобаробар буда, фасли баҳору зимистон ба вуқӯъ меояд. Аз шаҳраки Шайдон то кӯҳҳои Қурама иқлими манотиқ ба 9 зериқлими хурд ҷудо мешавад. Ҳарорати ҳаво, фишор, намнокӣ, релеф тағйирёбанда мебошад.

Ба обҳои минтақаи Понғоз захираи барфу ях, оби чашмаҳо, обҳои зеризаминӣ, сойи Понғоз ва шохобҳои он мансубанд. Замоне сойи Понғоз ба дарёи Сир мерехт. Дертар, бо обёрӣ тадриҷан кам шуда, то ба Ашти калон рафта мерасад. Оби сой сол аз сол кам мешавад. Боришҳои мавсимӣ махзани асосии оби сойи Понғоз мебошад. Иртибот ба камобӣ ва серобӣ аз талаботи мардум ба амал меояд. Баъзе солҳо хушксолиҳо ба вуҷуд омадааст. Чунончи таърих гувоҳ аст, солҳои 1917, 1940, 1953, 1991 ва 2011 камобии сой ва шохобҳои он ҳис карда шуд. Зиёдшавии бориш боиси баланд шудани сатҳи оби сой мегардад.

Дар кӯҳҳои Қурама рустаниҳо нашъунамо меёбад. Сабзавоту меваҳо низ парвариш карда мешаванд Гиёҳҳои шифобахши Понғоз мева, тармева, хушкмева дар баландии 3467 метр аз сатҳи баҳр нашъунамо мекунад. Деҳқонон бештар ба парвариши меваи себу зардолу машғуланд, он аз нуқтаи назари экологӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, бештар ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Дар хоҷагии ҷангалпарварӣ ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул мешаванд. Ҳифзи он аз мардум ғамхорӣ талаб мекунад. Понғозиён табиатан деҳқони асил буданд. Заминро хуб омӯхта, муносибат мекарданд ва ҳосили фаровон мегирифтанд. Ҷӯйборҳо кушода, обшор мекарданд. Миробон ба обу замин шабу рӯз назорат намуда, ризқу рӯзии худро пайдо мекарданд. Понғозиҳо дар обёрии заминҳои Қуқуроқ, собиқ колхози ба номи Энгелс, Гулшан, Шакаркӯл саҳм гирифтанд. Пахтакорӣ, боғдорӣ, токпарварӣ, чорводорӣ, пиллапарварӣ, асалпарварӣ, кӯчаттайёркунӣ, зироатчигӣ ва ғайраҳо машғулияти асосии мардуманд. Токпарварӣ дар заминҳои даштии Ашт аз соли 1985 оғоз шудааст. Мардум дар ҳама давру замон ба ангур эҳтиёҷ доранд. Навъҳои гуногуни ангур парвариш карда мешаванд. Чорводорӣ шуғли асосии Понғозиён буд. Аҳолии таҳҷоӣ соҳиби чорвои хурду калон буда, бо гӯшту ширу равғану пашм таъмин мебошанд, пиллапарварӣ дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад, аммо масоили тутпарварӣ ҳаллу фасл нашудааст. Сол аз сол тутзорҳо кам мешаванд. Занбӯри асалпарварӣ ва оилаҳои он зиёд мешаванд.

  1. Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.