Примаков Евгений Максимович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Примаков Евгений Максимович
Примаков Евгений Максимович
Сурат
Навъи фаъолият:

олим

Санаи таваллуд:

29 октябри соли 1929

Зодгоҳ:

ш. Киев, Украина

Мамлакат:
Санаи марг:

26 июни соли 2015

Commons-logo.svg Примаков Евгений Максимович дар Викианбор

Примаков Евгений Максимович - (тав. 1929 Киев - 2015), Доктори илми иқтисодӣ (1969), профессор (1972). Академики АИ Русия (1979), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома[вироиш]

Институти шарқшиносии Москваро хатм кардааст (1953). ихтисос- «иқтисодиёт»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои байналмиллалӣ. Ходими калони илмӣ (1956-1962), муовини директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ИҶШС (1970-1977). Директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1977-1985). Директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ИҶШС (1985-1989). Академик-котиби Шӯъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалӣ, узви Раёсати АИ ИҶШС (1988-1989). Раиси Шӯрои Иттифоқи Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1990), сардори Хадамоти марказии разведкаи ИҶШС (1991), директори Хадамоти разведкаи хориҷии Россия (1991-1996), вазири корҳои хориҷии ФР (1996-1998), раиси Ҳукумати ФР (1998-1999), президенти Палатаи савдову саноати Федератсияи Русия (2001-2011).

Мукофот[вироиш]

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ», «Барои хизмат баҳри Ватан» дараҷаҳои 1, 2, 3, Шараф, медалҳо ва ҷоизаҳои зиёди хориҷӣ тақдир шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1980), ҷоизаҳои Ҷамол Абдулносир (1975), Абӯалӣ ибни Сино (1983), Ҷорҷ Кеннан (1990), ҷоизаи байналмилалии Гуго Гротсия (2000).[1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Д.: Дониш, 2011. - 216 с.