Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сайид Алимуҳаммади Боб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боб Сейид Ҳоҷӣ Мирзо Алимуҳаммад Шерозӣ
ар. الباب سيد علی محمد شیرازی
Ном ҳангоми таваллуд Сайид Алимуҳаммад, писари Сайид Муҳаммадризо
Таърихи таваллуд 20 октябри 1819(1819-10-20)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 июли 1850(1850-07-09)[1][5][2][…] (30 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Самти фаъолият раҳбари мазҳабӣ, воиз, бозаргон, суханрон, шоир, нависанда, бунёнгузори дин
Завҷа Khadíjih-Bagum[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Боб (форсӣ: باب — «дарвоза»)[6], Сайид Алимуҳаммади Шерозӣ (форсӣ: سيد علی ‌محمد شیرازی; 20 октябри 1819[1][2][3], Шероз, Эрони Қоҷорӣ[4]9 июли 1850[1][5][2][…], Табрез, Эрони Қоҷорӣ) — паёмбар ва бунёнгузори дини бобия, роҳбари шӯриши бобиён дар Эрон (1848—1850).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи тоҷир. Пас аз марги падараш зери ҳимояти тағояш ба тоҷирӣ пардохт, вале масъалаҳои маорифи динӣ бештар таваҷҷуҳи ӯро ҷалб карда буданд. Ба омӯзиши усулу аҳкоми дин пардохт, дар Карбало бо таълимоти шайхияи шиа шиносоӣ пайдо кард ва баъди ба Шероз баргаштанаш ба ислоҳи дин пардохт.

Дастхати Боб

Ислоҳи ӯ як ислоҳи маъмулӣ ва хусусияти куллӣ дошт. Ӯ худро «Боб» (ё худ даре) эълон кард, ки Маҳдӣ ба тавассути он иродаташро ба ӯ мунтақил намудааст. Ӯ дар масҷиди Ҳаддодон дар ваъзу суханрониҳояш намояндагони расмии дини исломро зери тозиёнаи танқид гирифта, ба тарғибу ташвиқи таълимоти тозаи ислоҳталабонаи худ пардохта, «Алӣ пеш аз набӣ» ном шиори шиъиёнро ба шиори «Алӣ оинаест, ки сояи Худо дар он намоён аст» иваз намуд. Ин амали ӯ боиси ошӯби мардум гардид ва с. 1847 барои чунин ақидаҳои ислоҳталабонааш ҳабс карданд.

Мақбараи Боб дар Ҳифо

Муддате дар қалъаи «Моку»-и Озарбойҷон нигоҳ доштанд, баъд ба қалъаи Ҷаҳрик институтиқол доданд ва аз он ҷо ба Табрез оварданд. Ҳангоми сар задани шӯриши бобиён бо дастури ҳукумат дар ҳабсхона Бобро ба қатл расонданд.

Ӯ муаллифи китобҳои «Баён», «Байн-ул-ҳа­ра­майн» ва тафсири сураи «Юсуф»-и Қуръон мебошад.

  1. 1 2 3 4 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 1 2 3 4 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. 1 2 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  4. 1 2 Бабизм (рус.) // Большая Советская Энциклопедия, том 4: Атоллы — Барщина — 1926. — Т. 4. — С. 262.
  5. 1 2 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  6. «Персидский Байан. Конспект». Перевод с английского, издательство «Фолиантъ», Казань, 2002, 2006, ISBN 5-94990-001-4, c. 16, Единство II, Глава 1