Jump to content

Сайрам Исоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайрам Исоева
Таърихи таваллуд: 24 ноябр 1942(1942-11-24) (82 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо, ҳунарпеша
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 0410731

Сайрам Исоева (Исоева Сайрам Неъматовна; 24 ноябри 1942, Душанбе) — ҳунарпеша, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987). Узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва ИҶШС (1973).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайрам Исоева 24 ноябр 1942 ба дунё омадааст. Хоҳари ҳунарпеша Исоева Марям Неъматовна аст. Донишкадаи театрию бадеии Тошкандро хатм кардааст (1964). Ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (1964—2006), саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (аз с.2006).

Нақши аввалинашро дар намоишномаи «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст. Зиёда аз 100 нақш дар пиесаҳои театрӣ офаридааст, аз ҷумла Нози («Ҷанги тан ба тан»-и М.Байчиев), Робия («Суруди нотамом»-и А.Атобоев), Аза («Лулидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А.Гусев), Мирандолина («Сохиби меҳмонҳона»-и П.Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ), Сотти («Исёни арусон»-и Саид Аҳмад) ва ғ. Коргардони чанд намоишнома, ба монанди «Маугли»-и Р.Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Дустӣ», «Сайр дар соли нав»-и С.Исоева, «Исёни арусон»-и С.Аҳмад, «Аруси шаҳрӣ»-и Н.Исломов мебошад. Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор «Духтари сеюм»-и Анвар Тураев (1969), Гурдофарид «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика «Агар дӯст дори» (коргардон А.Қуддусов), Малика «Кӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов) Майсара «Саргузашти Майсара» «Рӯзҳои гузашта» дар «Узбекфилм» нақшҳои ҷолиб офаридааст.[1]

  • орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо мукофотонида шудааст.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]