Самад Ғанӣ
Самад Ғанӣ | |
---|---|
Самад Ғанӣ | |
Таърихи таваллуд: | 2 ноябр 1908 |
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 7 апрел 1974 (65 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: | |
Солҳои эҷод: | 1935- 1985 |
Жанр: | драма, ҳикоя |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Самад Ғанӣ — журналист, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960)
Зиндагинома[вироиш]
Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст. Муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Фаъолияти меҳнатияш аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст. Борҳо вакили мардумии парлумони замон будааст. 7 апрели соли 1974 аз олам даргузашт. Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт[вироиш]
Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (ҳамроҳи А.Исмоилов, 1935), «Ватандӯстон» (ҳамроҳи Ф.Ниёзӣ, 1937), «Тӯй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С.М.Мителман, 1958) ва ғ. мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд. Асарҳои драмавии муаллифони дигарро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А.Чехов, М.Иброҳимов, В.Пистоленко, Н.Вирта ва дигарон ҳастанд. Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шӯх» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғ. мебошад. Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964) чоп шудаанд.[1]
Ҷоизаҳо[вироиш]
- 5 орден ва чанд медалу ифтихорнома.[2]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Самад Ғанӣ(тоҷ.). navisandagan.tj. 18 июни 2019 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 74 ISBN 978-99947-2-379-9
- Зодагони 2 ноябр
- Зодагони соли 1908
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 7 апрел
- Даргузаштагони соли 1974
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои асри XX
- Тарҷумонҳои наср ба забони тоҷикӣ
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон