Jump to content

Абдуллоҷон Исҳоқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҷон Исҳоқов
Абдуллоҷон Исҳоқов
бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов
бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов
Таърихи таваллуд 20 апрел 1935(1935-04-20)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 3 август 1997(1997-08-03) (62 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров

Абдуллоҷон Исҳоқов (20 апрели 19353 августи 1997) — бостоншиноси тоҷик, доктори илми таърих, профессор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҷон Исҳоқов дар деҳаи Чилғазии ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултети таърихи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Тоҷикистон ба пойгоҳи бостоншиносии навтаъсисёфтаи шаҳри бостонии Панҷакент ба сифати лаборанти калон ба кор меояд. Ӯ аз соли 1958 то соли 1966 дар биноҳои VI, VII, XVII ва XX – уми Панҷакенти Қадим таҳти сарварии бевоситаи устоди хеш А. М. Белинитский ба тадқиқот машғул шуда, нозукиҳои илми бостоншиносиро аз худ кардааст. Тадқиқоти бостоншиносии куҳандизи Панҷакенти Қадим барои Абдуллоҷон Исҳоқов имтиҳони бузурге буд. Зеро сохтори биноҳои куҳандиз аз бинои шаҳрнишину деҳнишини суғдиён ба куллӣ фарқ менамуд. Абдуллоҷон Исҳоқов аз уҳдаи ин кор сарбаландона баромад. Соли 1972 таҳти сарварии устоди хеш А. М. Белинитскийй рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазокистон” бомуваффақият дифоъ намуд. Бозёфт шудани маркази нави маданияти аҳди қадими кишоварзии Саразм дар саргаҳи Зарафшон, аз тарафи устод Абдуллоҷон Исҳоқов, кашфиёти нодир дар илми бостоншиносии ҷаҳон буд.Моҳи майи соли 1991 дар шакли “маърӯзаи илмӣ” дар асоси асрҳои нашршуда, бахусус монографияи “Саразм”, ки таҳти назари В. М. Массон ва Н.Н. Неъматов нашр шуда буд, дар мавзӯи “Маданияти кишоварзӣ – чорводории водии Зарафшон дар аҳди энеолит ва бринҷӣ” рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.[1].

Кашфиёти илмии Саразм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пажуҳиш ва ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳркадаи Саразм бо бозёфти табари сангӣ тавассути бошандаи ҷамоати деҳоти Саразм Ашуралӣ Тайлонова ва ибтикори бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов дар соли 1976 оғоз гардида, баъдан ба таҳқиқу омузиши ин минтақа бостоншинос доктори илми таърих директори осорхонаи миллии бостонӣ С. Бобомуллоев, номзадҳои илми таърих А. Разоқов ва Ш. Қурбонов, инчунин бостоншиносони фаронсавӣ Роналд Безенвал ва Франкфор Анрипол машғул шуданд. Аз соли 1984 ба ковиш ва таҳқиқи Саразми бостонӣ бо сардории Абдуллоҷон Исоқов ва муҳаққиқи Маркази таҳқиқоти бостоншиносии Фаронса Р. Безенвал экспедитсияи муштараки шуравию фаронсавӣ сомон дода шуд. Ин экспедитсия ковишҳои бостоншиносиро аз минтақаи ҳаффории ҳафтум оғоз намуд. Дар якҷоягӣ бо бостоншиносони фаронсавӣ корҳои инкишофӣ ва пажуҳишотӣ дар масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ собит намуданд, ки сарзаминҳо дар баробари дарёфту коркарди сангу маъдан дар таҳияи маҳсулоти кулолии олисифат ва маводи зинатӣ низ гирадаст буда, бо сокинони қадимии Туркманистони ҷанубӣ, Эрон ва Балуҷистон робитаҳои тиҷоратӣ доштанд. Чунин равобат ба тақвими фарҳангӣ меъморӣ ва маҳорати тавлидотии мардуми саразм мусоидат намудааст.

Натиҷаи таҳқиқотӣ илмии бостоншиносон вобаста ба Саразм дар чандин ҳамоиши байналмилалии бостоншиносон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтааст: дар Тоҷикистон солҳои 1979 ва 1994, Вашингтон солҳои 1981 ва 1986; Париж 1985, Олмон соли 1992.[2].