Jump to content

Силсилаи вокалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Силсилаи вокалӣ — якчанд романс ё сурудро гӯянд, ки дорои тасвиру бадеияти ягонаанд. Дар мусиқии классикӣ cилсилаи вокалӣ миқёсӣ вомехӯранд (аз 3-4 романс ё суруд то 20 ва аз он ҳам зиёдтар).

Нахустин cилсилаи вокалӣ («Ба дӯстдоштаи дурбуда»)-ро Л. Бетховен офаридааст. Намунаҳои беҳтарини ин жанр ба Ф.Шуберт («Духтари нозанин осиёбон», «Роҳи зимистонӣ») ва Р. Шуман («Ишқи шоир», «Муҳаббат ва ҳаёти занҳо») тааллуқ доранд. Силсилаи вокалӣ диққати композиторони рус- М.Глинка, А.Рубинштейн., П. Чайковский ва алалхусус М.Мусоргский («Бачагона», «Суруд ва рақси аҷал»)-ро ба худ ҷалб намуд. Жанри мазкур дар як зумра композиторони Шӯравӣ, аз ҷумла Шостакович, Свиридов ва диг. низ роҳ ёфт.

Силсилаи вокалӣ дар эҷодиёти композиторони тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Як зумра композиторони тоҷик дар ин жанр асарҳо офаридаанд, ки cилсилаи вокалии сурудҳо дар васфи сулҳ ва дӯстии Хайрулло Абдуллоев (1983), 4 романс ба рубоиёти Умари Хаёми Шуҳрат Ашӯров (1994), Силсилаи вокалии 6 суруд барои овоз ва оркестри симфонии Сергей Баласанян бар ашъори Р. Такур, Силсилаи вокалии «Сурудҳои помирӣ» барои овоз ва фортепианои Фирӯз Баҳор (1967), силсилаи сурудҳои бачагонаи «Лаклаку»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов ба шеърҳои Алӣ Бобоҷон (1988), Силсилаи вокалии иборат аз 4 суруд барои хори занона ва фортепианои А. Латифзода (1983), Силсилаи вокалии романсҳо «Акси ҷанг»-и Е.Лобенко (1976), Силсилаи вокалии романсҳо «Гулдастаи болои қабри шоир» (12 романс) бар ашъори Рӯдакии М. Светаев (1958), Силсилаи вокалии «Ҷоми Хаём»-и Лола Толис барои баритон ва оркестри симфонӣ (1979) ва Силсилаи вокалии «Ихтилофоти занон»-и Толиб Шаҳидӣ барои сопрано ва оркестри симфонӣ (2006) аз ҷумлаи онҳоянд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 351. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)