Jump to content

ТВ Футбол (Тоҷикистон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ТВ Футбол)
«ТВ Футбол»
Шабакаи телевизионии «Футбол»
Мамлакат Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Минтақаи пахш Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе Тоҷикистон
Оғоз 21 феврали соли 2017
Бинандагон тақрибан 8 миллион
Асосгузор Федератсияи футболи Тоҷикистон
Молик Федератсияи футболи Тоҷикистон
Каналҳои хоҳар Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Сайт www.fft.tj

«Футбол» — шабакаи телевизионии умумимиллии футболи Тоҷикистон, мансуб ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки аз 21 феврали соли 2017 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, дар возеҳияти баланд, HD шабонарӯзӣ пахш мешавад.

Забони асосии шабакаи телевизионӣ — забони тоҷикӣ, ҳамчунин қисме аз барномаҳояш бо забони русӣ бурда мешавад.

Дар бораи шабакаи телевизионии футбол дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 гуфта буданд[1]. Дар моҳи январи соли 2017 дар ВАО маълумот дар бораи дар оянда кушодани шабакаи телевизионии «Футбол» дар формати HD пайдо шуд[2][3][4]. Асосгузори шабакаи телевизионӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Шабакаи телевизионӣ дар режими озмоишӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии 21 феврали соли 2017 аз тарафи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оғоз шуд[5].

Шабакаи телевизионии «Футбол» на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - Лигаи Қаҳрамонҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад. Дар шабакаи телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи Қаҳрамонҳо ва Лигаи Урупо, Премер-лигаи Англия, Ла лигаи Испания, бозиҳои "Серия А"-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Фаронса, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар кишварҳои урупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. Дар эфири шабакаи нави телевизиони махсусгардонидашудаи футбол, инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқа ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти тиму бошгоҳҳои алоҳида, қаҳрамонҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд[6][7][8].

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]