Тайфурия
Зоҳир
Тайфурия — як ҷараёни тасавуфист, ки пайравони он Боязиди Бастомиро муршиди худ шуморида, сукрро асоси таълимоташон қарор додаанд.
Ин ҷараён моҳиятан ба таълимоти ҷунайдия, ки саҳвро заминаи таълимоти худ медонистанд, муқобил аст. Пайравони тайфурия аз сӯҳбату муошират бо мардум эҳтироз дошта, бештар дар хилвату узлат зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар ҷараёни мушоҳидаи ҷамоли ҳақ ҳар гуна даъворо раво шуморида, шатҳиёте гуфтаанд, ки дар бепардагию густохӣ ба шатҳиёти муршидашон монанд аст. Аз ин ру, шатҳиёти сӯфиён бо номи Боязиди Бистомӣ иртиботи, хосе дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тайфурия / М. Ҳазраткулов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).