Тахач

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тахач
Тахач
Гунаи умумии рустанӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Artemisia absinthium L., 1753
Мутародифот

Тахач (лот. Artemísia absínthium), тихач, дарманаи румӣ, афсантин — гиёҳест бисёрсола. Аз 50 то 125 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сегӯша, гули заъфарон дорад. Моҳҳои июн — сентябр гул карда, август — сентябр тухм мебандад.

Паҳншавӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тахач дар назди истиқоматгоҳҳо, заминҳои партов, киштзор, боғу полиз, саҳро, қад — қади ҷӯйбор, канори роҳ мерӯяд. Дар мавзеъҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 800 — 3300 м аз с.б.) вомехӯрад.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тахач. Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Баландии рустанӣ 50—200 см[2], пояи рости сершохча, барги сегӯша, гули заъфарон дорад.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тахач рустании доруист. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино афсантин давои хуби иштиҳоовар мебошад. Агар ҷӯшоб ё шираи онро муддати 10 рӯз рӯзе 3 уқиягӣ нӯшанд, барои заъфарма, обхӯра ва вараҷаи куҳна муфид аст. Абӯалии Сино бо афсантин бемориҳои ҷигар, бавосир, гулӯдард, варами чашм, гӯш, омосҳо ва ғайраро табобат мекард.

Тибби мардумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби халқӣ ҷӯшоби сабадаки тахач барои табобати захми меъдаву рӯда, ҷигару заҳрадон, бавосиру табларза ва чун давои киҷҷарон, арақовар, хобовар, табшикан истифода мешавад. Нақеъи омехтаи гули тахач ва зарпечакро ҳангоми камхунӣ ва саръ менӯшанд.

Ба дарун истеъмол кардани тахач гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, иштиҳо меоварад, хилти сафро, зардоб ва дигар моддаҳои талхро, ки дар меъда шах шуда бошанд, бо воситаи пешоб хориҷ мекунад; рагҳои узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои ғайрӣ пок мекунад. Агар инро бардавом бо зарпечак якҷо бихӯранд, хилти савдоро ҳам ронда, баданро аз он пок менамояд ва барои дарди сар, каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), карахтии узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиёҳӣ зер кардан, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, молихулиё, лисарғус (летаргия), бемориҳои чашм, гӯш, даҳан, ҳалқ, меъда, ҷигар, талхадон, сипурз, бачадон, бавосир, дарди асабҳо, мондагӣ, гирдак-гирдак рехтани мӯи сар ва риш, дафъ кардани таъсири заҳри хӯрдашуда ва газидани ҷонварони заҳрнок даво мешавад, меъдаро қувват медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад; пешоб, ҳайз ва ширро равон мекунад; ҳамаи навъҳои кирми шикамро, аз ҷумла кирми кадудонаро низ мекушад.

Агар тахачро дар об ҷӯш дода, бо он об ғарғара кунанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад. Оберо, ки дар он тахач ҷӯшонида шуда бошад, бо асал даромехта биёшоманд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиёҳӣ пахш кардан — барои ҳамааш дору мебошад. Чун ба каси фолиҷзада, ки дар меъдааш ахлоти гарми аз чизҳои хӯрдашуда ҷамъ гашта бошад, Тахачро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшонанд, он ахлоти зарарнокро дарҳол хориҷ мегардонад.

Тахачро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бо сабир (алоэ) бихӯранд, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз бисёрии балғам ва сафро ба зуҳур омада бошанд, ислоҳ мекунад. Агар инро дар об як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда бинӯшонанд, лисарғусро ҳушёр мекунад.

Чун гиёҳи хушки онро кӯфта, дар латтаи зағирпоя баста, баъд онро дар оби гарм тар карда, ба чашме, ки дар он нуқтаҳои сурх муддати дароз боқӣ монда бошад, гармбандӣ кунанд, онро дафъ месозад.

Тахачро гард барин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм ва пардаи бегонаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

Тахачро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бар болояш равғани бодоми талх рехта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд ба ҳадде, ки об батамом бухор шуда раваду равған бимонад. Ин равғанро бо камтар заҳраи буз даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, боди даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш ҷарангҳои гуногунро ба амал меоварад, таҳлил медиҳад ва агар дарунаш ҷароҳат дошта бошад, ҳамон дам пок мегардонад, инчунин кариро, ки ҳарчанд куҳна шуда бошад, дафъ мекунад ва бо ин ҳама омадани зардобро аз даруни он шифо мебахшад. Тахачро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, дарди меъдаро шифо мебахшад. Агар дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, меъдаро қувват медиҳад; иштиҳои таом батамом барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; барои дардҳои ҷанин, тиҳигоҳ, варамидани рӯ ва дасту поҳо, истисқо, дардҳои гуногуни буғумҳо, бемориҳои мақъад, ки ҳама аз сардӣ бошанд, давои хуб мегардад; мизоҷи вайронгаштаро ис-лоҳ мекунад, ҷигари сустро ба ҳолати эътидол меоварад.

Агар тахачро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯз то даҳ рӯз 100 г аз он об бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад ва агар аз бисёр шудани рутубат иштиҳо гум шуда бошад, барқарор менамояд.

Тахачро бо юнуқчаи зардак (говришқа) якҷо дар равғани зайтун пухта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад. Агар ин гиёҳро дар об ҷӯш дода, бо сирко сиришта, ба буғумҳое, ки аз гар-

мӣ дард мекарда бошанд, бимоланд, ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо муми занбӯри асал ва равғани гулисурх сиришта, аз рӯ бимоланд, дарди тиҳигоҳ, дарди куҳнаи меъда ва дарди ҷигарро дафъ мекунад; бавосирро нафъ дорад, мақъади кафидаро сиҳат мекунад ва дарди онро низ таскин медиҳад.

Тахачро дар об ҷӯшонида, он обро бо биринҷи пухтагӣ ё бо наски пухтагӣ би-хӯранд, ҳамаи кирмҳои шикамро кушта, берун меоварад, дарунро меронад; агар он обро бо сирко бинӯшанд, барои бавосир ва кафидани мақъад дору мешавад, инчунин моддаҳои гарммизоҷро, ки дар натиҷаи нӯшидани давоҳои гарммизоҷ дар меъда ҷамъ шуда бошанд, дафъ мегардонад.

Тибби муосир[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби муосир нақеъи тахачро ҳан-гоми ихтилоли кори узвҳои ҳозима, зиёдшавии шираи меъда, халаю газаки меъда, бемориҳои ҷигару заҳрадон, камхунӣ, бехобӣ ва бӯйи бади даҳон истифода мебаранд. Бо равғани эфири тахач захмҳои гуногун ва сӯхтаро муолиҷа мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Блинова К. Ф. и др. Ботанико-фармакогностический словарь: Справ. пособие / Под ред. К. Ф. Блиновой, Г. П. Яковлева. — М.: Высш. шк., 1990. — С. 226—227. — ISBN 5-06-000085-0. Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2014  сол.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]