Тим Бернерс-Ли
Sir Timothy John «Tim» Berners-Lee | |
Таърихи таваллуд | 8 июн 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ | Англия, Лондон |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | олим |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | коршиноси ҳунар[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | w3.org/People/Ber…(англ.) |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сэр Тимоти Ҷон Бе́рнерс-Ли (англ. Sir Timothy John «Tim» Berners-Lee; тав. 8 июни 1955, Лондон) — донишманди бритониёии улуми роёна, ихтирокори URI, URL, HTTP, HTML, эҷодкори Веби ҷаҳонгустар (бо ҳамроҳии Роберт Кайо) роҳбари кунунии Консорсиум Веби ҷаҳонгустар. Муаллифи консепсияи шабакаи семантикӣ. Муаллифи бисёр навовариҳо дар соҳаи фановарии иттилоот.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тим Бернерс-Ли дар Лондони (Англия) таваллуд шудааст. Волидайни ӯ, Конвэй Бернерс-Ли ва Мэри Ли Вудс ҳарду риёзишиносон буданд ва барои сохтани «Manchester Mark I» меҳнат мекарданд, ки яке аз аввалин компютерҳо буд. Тим дар мактаби Эмануэл дар шаҳри Вэндсворте таҳсил мекард, баъд дар Коллеҷи Шоҳонаи Оксфорд таҳсил кардааст. Дар он ҷо вай аввалин компютери худро дар асоси протсессори M6800 бо телевизор ба ҷойи монитор ҷамъ овард. Боре Тим ва дӯсташро бо ҳамлаи хакерӣ карданашон дастгир шуда буданд, аз ҳамин сабаб аз ҳуқуки истифодабарии компютерҳои донишгоҳ маҳрум шуда буданд.
Баъд аз хатми Донишгоҳи Оксфорд дар соли 1976 Бернерс-Ли ба компанияи «Plessey Telecommunications Ltd» дар графигарии Дорсет ба кор омад. Он ҷо вай ду сол кор кард, асосан бо тақсимкуни транзаксияҳо машғул буд.
Дар соли 1978 Бернерс-Ли бар компанияи «D.G Nash Ltd» меояд, ки дар он бо барномаҳо барои принтерҳо ва системаи оператсионии бисёрвазифаро сохт.
Баъд вай як солу шаш моҳ дар Шӯрои Аврупои барои Тадқиқотӣ ҳаставӣ (фаронсавӣ: Conseil Européen pour la Recherche Nucléaire, CERN) консултанти барномаҳои компуютерӣ шуда кор кард. Дар ҳамон ҷо, дар Женева (Швейтсария), барои истифодаи шахси барномаи «Энквайр» (англисӣ: «Enquire» - ро навишт, ки мумкин аст ҳамчун «Таҳқиқчӣ ё пурсуҷӯйчӣ») тарҷума кунем, ки ин барнома ассотсиатсияҳои тасодуфиро истифода мебурд ва асоси тахминии Шабакаи Ҷаҳониро гузошт.
Аз соли 1981 то 1984 Тим Бернерс-Ли дар компанияи «Image Computer Systems Ltd» меъмори системавӣ шуда кор кард.
Дар соли 1984 вай идрори — стипендияро аз CERN гирифи ва дар он ҷо бо коркарди системаи тақсимкуни барои ҷамъоварди иттилооти илмӣ сарукор дошт. Дар он вақт системаи «FASTBUS» кор мекард ва системаи худро сохт RPC (англисӣ: Remote Procedure Call).
Ихтироъот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1989, дар шабакаи дохилии CERN кор карда, Бернерс-Ли лоиҳаи ҳиперматнии глобалиро, ки дертар ҳамчун Анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ машҳур мегардад пешниҳод кард. Лоиҳа тасдиқ шуд ва амалӣ гардид.
Аз соли 1991 то 1993 Тим Бернерс-Ли кори худро барои Анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ ё худ Шабакаи Ҷаҳонӣ давом дод. Вай пешниҳодҳои корбаронро ҷамъ меовард ва кори Шабаки Ҷаҳониро ҳамооҳангсозӣ мекард. Дар ҳамон вақт аввали таснифоти худро барои URI, HTTP ва HTML барои муҳокимаи оммавӣ пешниҳод кард.
Дар соли 1994 Бернерс-Ли сарвари кафедраи Асосгузорон «3Com» дар Лабораторияи информатики MIT гардид. Вай то ҳам дар он ҷо яке аз тадқиқотчиёни пешсаф аст.
Ҳоло ҷаноб (сэр) Тим Бернерс-Ли берун аз шаҳри Бостон бо завҷаш ва ду кӯдакаш зиндагӣ мекунад. тез-тез ба гӯшаву канори гуногуни кишварҳои ҷаҳон сафар мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Саҳифаи шахсии Тим Бернерса-Ли
- Блоги Тим Бернерс-Ли, моҳи декабр 2005-ум кушода шудааст Бойгонӣ шудааст 24 Декабри 2005 сол.
- Пешниҳодҳои таърихии Бернерс-Ли дар CERN
- Знаменитая книга «Плетя паутину: истоки и будущее Всемирной паутины» онлайн
- Якум сайт дар Ҷаҳон (бойгонӣ)
- Сайти расмии Консортсиуми Шабакаи Ҷаҳонӣ (W3C)
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |