Тошбой Бобоев
Бобоев Тошбой Бобоевич | |
Таърихи таваллуд | 20 декабр 1942 |
Зодгоҳ | деҳаи Кӯлолӣ, Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 18 август 2020 (77 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | ордени Хидмати шоиста, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) |
Тошбой Бобоев (Бобоев Тошбой Бобоевич; 20 декабри 1942, деҳаи Кӯлолии ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 18 августи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1992), профессор (1993), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998), узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017) ва дорандаи ордени Хидмати шоиста (1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тошбой Бобоев таърихи 20 декабри 1942, дар оилаи омӯзгор ва собиқадори маорифи ҶШС Тоҷикистон Бобо Раҳимов, дар деҳаи Кӯлолии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1963 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1963) шуъбаи аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А. Ф. Иоффеи АИ ИҶШС-ро (1968) хатм кардааст. Тошбой Бобоев соли 1970 рисолаи номзадӣ ва соли 1992 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони дотсентӣ ва соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳи 18 августи соли 2020 Тошбой Бобоев дар синни 77-солагӣ дар бемористони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Маросими видоъ худи ҳамон рӯз 18-уми август, дар мазори «Лучоб»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид[1].
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тошбой Бобоев дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1963), ходими хурди илмӣ (1969), ходими калони илмӣ (1972), сардори бахши илмӣтаҳқиқотии УДТ (1974), мудири кафедраи физикаи умумӣ (1978; 1991—2010) ва дотсент (1989) кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Бобоев Тошбой Бобоев яке аз асосгузорони равияи ҷадиди илм — «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Тошбой Бобоев машғули тадқиқотҳоест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри Тифлис (Гурҷистон) ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти Сургут (Россия) мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Тошбой Бобоев тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд.
Дар ин самт ӯ мутахассисони зиёдеро табия намуда, зери роҳбариаш Дадоматов Ҳ.Д., Ҷонов Ё. М., Усмонов Ғ.А., Истамов Ф. Х. ва Ғафуров С. рисолаи номзадӣ ва Шерматов Д. рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобоев муаллифи як монография 1 монография, беш аз 150 мақолаи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 29 воситаи таълимӣ ва 10 дастури методӣ буда, барои ихтирооти нав соҳиби 9 шаҳодатнома шудааст. Ӯ инчунин раиси Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва узви таҳририяи маҷ. илмии «Паёми Донишгоҳи миллӣ» буд.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фотомеханическое разрушение полимеров. Душанбе, 2000;
- Механика. Душанбе, 2002;
- Физика. Душанбе, 2003;
- Механика. Душанбе, 2005;
- Корҳои лабораторӣ аз механика. Душанбе, 2005.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (2002)
- Ордени «Нишони фахрӣ» (1981)
- Бо ордени «Хидмати шоиста»
- Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Даргузашти Бобоев дар дармонгоҳи "Истиқлол":иллати марги ӯ номаълум аст(тоҷ.). 18 августи 2020 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоев Тошбой // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фотомеханическое разрушение полимеров. Бобоев, Тошбой Бобоевич. Москва, 36 c.(пайванди дастнорас)
- Его труды на Math-Net.Ru
- Зодагони 20 декабр
- Зодагони соли 1942
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Даргузаштагони 18 август
- Даргузаштагони соли 2020
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони тоҷик
- Физикдонони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон