Jump to content

Тоҷиддин Мардонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷиддин Мардонӣ
Мардонов Тоҷиддин Нуриддинович
Таърихи таваллуд 1947(1947)
Зодгоҳ Дурбат, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 14 ноябр 2024(2024-11-14)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ шарқшиносӣ
Ҷойҳои кор Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ

Тоҷиддин Мардонӣ (Мардонов Тоҷиддин Нуриддинович; 1947, деҳаи Дурбат, Ҳисор14 ноябри соли 2024) — шарқшинос-арабшинос, тарҷумон ва ходими давлатии тоҷик[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаанд. Таҳсилоти ибтидоиро дар шаҳри Ҳисор гирифта, баъдан ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1972 ба итмом расонидаанд.

Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, дабири илмии Институти шарқшиносӣ ва баъдан мудири Шуъбаи тарҷума ва таҳқиқи осори арабизабони Институти осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон то соли 1992 адои вазифа намудаанд. Дар мобайни ин солҳо ду маротиба, яъне солҳои 1970—1971 ва 1989—1990 ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Яман ва солҳои 1979—1983 дар Ҷумҳурии Ироқ хидмат намудаанд. Бар замми хизматҳои шоиста дар ҷодаи илм, ҳамчун як шахси ватандӯст ва меҳанпарвар аз соли 1992 то соли 2004 дар соҳаи хадамоти дипломатии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Девони Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати афрод ва иттилооти махсуси Вазорат, ҷонишини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардаанд. Солҳои 1995—2001 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва солҳои 2001—2004 дар Туркманистон ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намудаанд.

Пас аз анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар соли 2004 боз ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сифати ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмӣ фаъолият бурдаанд.[2]

Соли 1986 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи анъанаи дузабонӣ дар адабиёти форсу тоҷики асрҳои IX—X» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзўи «Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои XI—XII» ҳимоя кардаанд.

Инчунин, ба ҳайси сарходими илмии Шуъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолияти илмӣ мекарданд.

Аз соли 2017 ба тариқи интиқол ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо гузашта, то ба ҳол чун сарходими илмӣ ва сарвари бахши арабшиносии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик кор карда истодаанд.

Тоҷиддин Мардонӣ доктори илмҳои филологӣ ва профессор буда, муаллифи китобу мақолаҳои зиёде дар соҳаи арабшиносӣ мебошанд[3]. Асарҳои эшон ғайр аз Тоҷикистон, дар Русия, Узбакистон, Арманистон, Туркманистон, Ирон, Афғонистон, Яман ва дигар кишварҳо чоп шудаанд.

Самти асосии фаъолияти илмии Тоҷиддин Мардонӣ — омӯзиши мероси адабии арабизабони тоҷик, таҳқиқи робитаҳои адабии арабу аҷам дар асрҳои миёна ва замони муосир, тарҷумаи осори арабизабони ниёгонамон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад. Тоҷиддин Мардонӣ идомадиҳандаи мероси илмӣ-таҳқиқотии як қатор мусташриқин ва адабиётшиносони халқҳои гуногун, аз ҷумла Эдвард Гранвил Браун, А. Арберри, Евгений Эдуардович Бертельс, Игнатий Юлианович Крачковский, Шиблии Нуъмонӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Маликушшуаро Баҳор, Ҳанно ал-Фахурӣ, Абдулҳусайн Зарринкуб, Сайид Нафисӣ, Забеҳуллоҳи Сафо ва дигарон мебошанд ва дар омӯзиши адабиёти араб саҳми босазои худро гузоштаанд.

Асарҳои таълифнамудаи олими арабшиноси мо Т. Мардонӣ «Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX—X»[4], «Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ»[8], «Равобити адабии Арабу Аҷам»[6], «Шеъри арабии Ибни Сино»[3], «Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ»[7], «Рӯдакӣ ва адабиёти араб»[11], «Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам»[12], «Сухане дар бораи Абӯалӣ ибни Сино. Тадқиқот ва тарҷумаҳо»[9], «Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ»[10] ва «Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форс-тоҷики асрҳои XI—XII» мебошанд. Устод Тоҷиддин Мардонӣ ҳамчунин як қатор асарҳои машҳури Абӯалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ва дигаронро аз арабӣ ба русӣ тарҷума ва чоп намуда, зиёда аз дусаду панљоҳ мақолаи илмӣ ба табъ расонидаанд.

  1. ИОМДОА. Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин – арабшиноси давраи навини тоҷик (en-gb). www.osiyoavrupo.tj. 6 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Январ 2023.
  2. Равшанфикр. Шарқшиноси миллӣ дар муҳити илмӣ (ru-ru). ravshanfikr.tj. 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  3. Sputnik Тоҷикистон. Тоҷикон таърихи худро дар Мисру Муғулистон хоҳанд ҷуст – шарҳи президенти Академияи улум(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20210216T0930+0500). 6 Январ 2023 санҷида шуд.