Jump to content

Дурбат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Дурбат
Назди мағозаи хӯрокворӣ
Назди мағозаи хӯрокворӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Дурбат
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5888 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Дурбат — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Дурбат то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 5888 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа таърихи қадима дорад, маънои вожаи «дурбат»- ро гоҳе мазор ташреҳ медиҳанд ва гоҳе мегӯянд, ки он исми саравлоди қабилае аст[2].

Намое аз киштзорҳои деҳа

Дурбат дар маркази водии Ҳисор ҷой гирифта, аз маркази ноҳияи Ҳисор 7 км ва аз маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 18 км дурӣ дорад. Аз қисмати шимол ба Ҷамоати Сомон, аз самти шарқӣ ба Ҷамоати Ҷуйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, аз самти ҷануб ба деҳаҳои Турдиқишлоқ ва Турдибобо ҳамсарҳад мебошад. Аз қисмати шимол Дурбат Канали калони Ҳисор ва аз қисмати ҷануб роҳи оҳани Душанбе — Турсунзода мегузарад[2].

Дар Дурбат мактаби миёнаи № 22 ба номи О. Раҳмонов, маркази саломатӣ, китобхона, мағозаҳои тиҷоратии маводи ғизоӣ ва рӯзгору сохтмонӣ фаъолият мекунанд. Аҳолии деҳа асосан ба кишоварзӣ, парвариши зироатҳо ва чорводорӣ машғуланд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 2.2 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 243