Тухмбирён
Зоҳир
Тухмбирён (форсӣ: تخم بريان) дар равған бирён кардани тухм (байза).
- Тухмбирён таоми ошхонаи Аврупо низ мебошад. Инчунин субҳонаи анъанавӣ дар Британияи Кабир ва Ирландия ба ҳисоб меравад. Тухмбирён дар Испания «уэвос» (huevos) дар рӯйи нон пешкаш карда мешавад. Русҳо тухмбирёни «глазунья» тайёр мекунанд, ки зардии тухм бояд бутун бошад. Франсузҳо бошанд, зардии тухмро бо сафедияш омехта карда мепазанд, ки он «омлети классикӣ» аст.
- Мардуми тоҷик низ тарзҳои гуногуни тайёр кардани тухмбирёнро истифода мебаранд. Масалан, аввал дар равған помидорро (баъзан бо пиёзу қаламфури булғор) бирён карда, баъд тухмро меандозанд. Сипас ба табақ андохта ба рӯйи он кабудии резакардаро (кашнич, пиёзи кабуд, райҳон) мепошанд. Мурчу қаламфури тезро мувофиқи хоҳиш истифода мекунанд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]http://dic.academic.ru/searchall.php?SWord=тухмбирён
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |