Jump to content

Усмон Билолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмон Билолӣ
Усмон Билолӣ
Таърихи таваллуд: 18 ноябр 1957(1957-11-18) (67 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Вахш
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор

Усмон Билолӣ (Тӯйчиев Исмоналӣ Билолович; тав.18 ноябри 1957, деҳаи Фидокор, ноҳияи Вахш) — шоири тоҷик, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1987), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмон Билолӣ 18 ноябри соли 1957 дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1975 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шуда, соли 1980 соҳиби диплом гаштааст. Аз соли 1981 корро дар рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш шурӯъ карда, то марти соли 1982 фаъолият бурдааст. Аз моҳи майи соли 1989 то августи 1989 мудири шуъбаи эҷодиёти халқи Маркази эҷодиёти халқи вилояти Қӯрғонтеппа, аз августи 1989 то майи 1990 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 16 ноҳияи Вахш, аз майи 1990 то сентябри 1992 мудири шуъбаи ахбори радиои вилояти Хатлон будааст. Моҳи октябри соли 1997 котиби масъули рӯзномаи «Бохтар»-и ноҳияи Бохтар таъйин шуда, аз январи соли 1998 то феврали 2002 сармуҳарририи онро бар уҳда доштааст. Сипас, аз моҳи марти 2002 то августи 2006, ба ҳайси муҳаррири калони Кумитаи телевизиони вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Аз августи 2006 то июни 2009 мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи вилоятии «Хатлон» будааст. Моҳи июли соли 2009 ба сифати котиби матбуоти раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор пардохта, моҳи июли соли 2011 сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» таъйин гардидааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Бистари хор» (2003), «Ширинтарин таронаи оғоз» (2005), «Сад шукри Рӯдакӣ» (2008), «Замини сабзи ҳавасҳо» (2011)-ст. Барои маҷмӯаи ашъори «Сад шукри Рӯдакӣ» сазовори Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин (2009) гардидааст. Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

  • Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин (2009)[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 57 — 58 ISBN 978-99947-2-379-9