Феҳристи асотирии гоҳшумори хуршедӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гоҳшумори асотирии хуршедӣ аз сарчашмаи нодире - китоби "Наврӯзнома"-и Умари Хайём рӯи кор омадааст. Чуноне, дар "Наврӯзнома" омадааст, ва қиссаи он чунин аст.

... Чун Каюмарс - аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввал дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданду таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни он рӯзгор будаанд, ки Эзиди табораку Таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст, аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чӣ андар ӯст аз аҳриманон нигоҳ доранд ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз кӯҳи Қоф баргузаранд ва чунин гӯянд, ки чаҳор фаришта дар осмонҳову заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав андар сарои куҳан бароварда. Ва Эзиди Таоло Офтобро аз нур биофариду осмонҳову заминҳоро бад-ӯ парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди Таоло. Ва андар вай бо ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди Таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

— "НАВРЎЗНОМА" Умари ХАЙЁМ

[1]

Ва гӯянд мисоли ин чунон аст, ки малике бузург ишорат кунад ба халифате аз хулафои хеш, ки ӯро бузург доранду ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар кӣ вайро бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд чун Эзиди табораку Таоло бад-он ҳангом ки фармон фиристод, ки субот баргирад, то тобишу манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасад, Офтоб аз сари Ҳамал бирафту осмон ӯро бигардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро. Ва пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон дақиқа ва ҳамон рӯз бозрасид ва он муддати ҳафтоду се бори қирони Кайвону Урмузд бошад, ки онро қирони асғар хонанд. Ва ин қирон ҳар бист сол бошад ва ҳар гоҳ ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳалу Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ӯст, қирон бувад ба муқобалаи ин бурҷи Мизон, ки Зуҳал андар ӯст, як давр ин ҷо ва як давр он ҷо, бар ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд, чунонки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳалу Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, ба фармони Эзиди Таоло ҳолҳои олам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, мулукони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рӯзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон карданд ва ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд то ҳамагон онро бидонанду он таърихро нигоҳ доранд.

— "НАВРЎЗНОМА" Умари ХАЙЁМ

[1]

Ва чунин гӯянд, ки чун Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро (ва чун як даври Офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз) ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва ба фариштае бозбаст аз он дувоздаҳ фариштае, ки Эзиди табораку Таоло эшонро бар олам гумоштааст.

Пас он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзист, соли бузург ном карду ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оину расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол.

Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд.

— "НАВРЎЗНОМА" Умари ХАЙЁМ

[1]

Феҳристи асотирии гоҳшумори хуршедӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

тартиб гоҳшумори асотирии хуршедӣ бурҷҳои фалакӣ моҳи хуршедӣ,
гоҳшумори эронӣ
давра (тақрибан)
1 Фарвардинмоҳ Ҳамал Фарвардин 21 март - 20 апрел
2 Ардабиҳиштмоҳ Савр Урдибиҳишт 21 Апрел - 20 Май
3 Хурдодмоҳ Ҷавзо Хурдод 21 Май - 21 Июн
4 Тирмоҳ Саратон Тир 22 Июн - 22 Июл
5 Мурдодмоҳ Асад Мурдод 23 Июл - 22 Август
6 Шаҳривармоҳ Сунбула Шаҳривар 23 Август - 22 Сентябр
7 Меҳрмоҳ Мизон Меҳр 23 Сентябр - 22 Октябр
8 Обонмоҳ Ақраб Обон 23 Октябр - 22 Ноябр
9 Озармоҳ Қавс Озар 23 Ноябр - 21 Декабр
10 Даймоҳ Ҷадӣ Дей 22 Декабр - 20 Январ
11 Баҳманмоҳ Далв Баҳман 21 Январ - 19 Феврал
12 Исфандормадмоҳ Ҳут Исфанд 20 Феврал - 20 Март

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]


Моҳҳои Эронӣ
ҲамалФарвардинСаврУрдибиҳиштҶавзоХурдодСаратонТирАсадМурдодСунбулаШаҳриварМизонМеҳрАқрабОбонҚавсОзарҶадӣДейДалвБаҳманҲутИсфанд