Сайдулло Хайруллоев
Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич | |
27 марти 2000 — 24 феврали 2010 | |
Ҷонишин | Шукурҷон Зуҳуров |
|
|
Таваллуд |
10 август 1945 (79 сол) |
Таҳсилот | |
Эътиқод | Ислом |
Ҷоизаҳо |
Хайруллоев Сайдулло (Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич; тав. 10 августи 1945, деҳаи Муллобадал, ноҳияи Ғарм, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995—2000) ва пас аз тақсимоти парлумон ба ду палата — вакил ва нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(2000—2010)[1][2]. Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010)[3]. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайдулло Хайруллоев 10 августи соли 1945 дар деҳаи Муллобадали ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Факултети гидромелиоратсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро соли 1969 хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1969 то соли 1971 — сармуҳандиси Раёсати системаи обёрии ноҳияи Ғарм, сардори Раёсати силсилаи обёрии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон.
Аз соли 1971 то соли 1972 — сардори Колоннаи механиконидаи № 21 трести «Душанбесоз»-и ноҳияи Ҷиргатол.
Аз соли 1972 то соли 1975 — сардори Колоннаи механиконидаи № 23 трести «Душанбеобсоз»-и ноҳияи Ғарм.
Аз соли 1975 то соли 1977 — муовини раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқ, раиси комиссияи плании Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ғарм.
Аз соли 1977 то соли 1979 — шунавандаи Мактаби олии ҳизбии Тошканд.
Аз соли 1979 то соли 1985 — раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ғарм.
Аз соли 1985 то соли 1988 — котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Совет.
Аз соли 1988 то соли 1990 — котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии вилояти Хатлон.
Аз соли 1990 то соли 1991 — раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Қӯрғонтеппа.
Дар ҳайати ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давраи аз соли 1991 то 2000-ум дар ҳайати ҳукумати ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст:
Аз соли 1991 то соли 1992 — Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-92).
Аз соли 1992 то соли 1994 — Вазири ҳифзи табиат ва муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон[4].
Аз соли 1994 то соли 1995 — раиси ноҳияи Ғарм.
Аз соли 1995 то соли 1998 — раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 1998 то соли 2000 — раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2000 то соли 2010 — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2010 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Комиссияи назорати Дастур
Аз соли 2010 — Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ.
Ҷоизаву медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Нишони Фахрӣ» (1981)
- Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1989)
- Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I (2006)
- Ордени «Шараф»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (1989)
- Ордени «Содружество»-и Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ (2002)
Медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)
- Медали тилои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият (2011)
- Медали тилои «Сулҳ»-и байнипарлумонии ИДМ (2012)
- Медали ҷашнии «10-солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон» (2006)
- Медали ҷашнии «10-солагии Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009)
- Медали ҷашнии «85-солагии миллитсияи Тоҷикистон» (2010)
- Медали ҷашнии «15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008)
- Медали «15-летия Совета Федерации» (2008)
- Медали «В память 300-летия Санкт-Петербурга» (2003)
Унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998)
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Интихоби замон» (Душанбе — 2002).
- «Башорати қонун» (Душанбе — 2003).
- «Асри қонун» (Маҷмӯаи гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳо), (Душанбе — 2005).
- «Нахсутраиси Маҷлиси намояндагон» (Душанбе — 2008).
- «Дипломатияи парлумонӣ» (Душанбе — 2010).
- «Мақоми олии қонун» (Душанбе — 2010).
- «Сайдулло Хайруллоев» (Зиндагинома, Душанбе −2012).
- «Абармарди миллат» (Зиндагиномаи Сайдулло Хайруллоев, Душанбе — 2015).
Ҳамчунин бо мусоидати Сайдулло Хайруллоев китобу маҷаллаҳои зерин нашр шудаанд:
- «Вакилони халқ» 1938—2010 (ҳолномаи мухтасар, Душанбе — 2006).
- «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем …» (Душанбе — 2011).
- «Сухане чанд, аз робитаҳои ду сарзамини тамаддунофар» (Бахшида ба бист соли робитаҳо байни Ҷумњурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой", Душанбе — 2012).
- Маводи Конференсияи илмии «Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва фарҳанги сулҳофаринӣ» (Душанбе — 30 сентябри соли 2013).
- «Ҳафт суфраи Наврӯз», (Маҷмӯаи ашъор ва тасвирҳо, Душанбе — 2014).
- «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», (поэтический сборник, Душанбе — 2015).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таджикистан. Сайдулло Хайруллоев избран председателем нижней палаты парламента // Правда. Ру
- ↑ Хайруллоев отчитался за 5-летнюю деятельность нижней палаты парламента // Avesta. 19 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2014.
- ↑ Члены Маджлиси Милли // Официальный сайт Маджлиси Милли. 19 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2014.
- ↑ Роҳбарияти Мақомоти ҳифзи муҳити зист аз давраи таъсисёбӣ Бойгонӣ шудааст 13 октябри 2016 сол. // Сомонаи расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарзанди шарифи Тоҷикистон // Сомонаи расмии ҶДРФТ. — 8 сентябри 2016
- Сайдулло Хайруллоев умре дар хидмати миллат(пайванди дастнорас) // «Миллат». — 28 октябри 2014
- 68-соли Сайдулло Хайруллоев(пайванди дастнорас) // «Фараж». — 8 августи 2012
- Зодагони 10 август
- Зодагони соли 1945
- Зодагони ноҳияи Рашт
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Исмоили Сомонӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- ВП: Мақолаҳои суратдор: заполнить свойство P373 в Викимаълумот
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон