Шукурҷон Зуҳуров
Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович | |
![]() | |
17 марти 2010 — 17 марти 2020 | |
Пешгузашта | Сайдулло Хайруллоев |
Ҷонишин | Маҳмадтоир Зокирзода |
|
|
Таваллуд |
16 апрел 1954 (70 сол) |
Фарзандон | 5 фарзанд |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (аз соли 1991) |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
Шукурҷон Зуҳуров (Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович; зод. 16 апрели 1954, ноҳияи Кировобод, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010—2020)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Кировободи вилояти Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи муҳандисии заминсозии шаҳри Маскав (1976), Академияи идоракунии Федератсияи Руссия (Маскав, 1992).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Заминсози калони Раёсати кишоварзии ноҳияи Москва (ҳоло Мирсайид Алии Ҳамадонӣ; 1976), хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС (1976‒1978), сармуҳандис, сардори шуъбаи истифодабарии замин ва заминсозии Раёсати кишоварзии вил. Қӯрғонтеппа (1978‒1979), нозир, муовин, мудири шуъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти КМ Комсомоли Тоҷикистон, мудири сексияи КМ Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумииттифоқ (ВЛКСМ; 1979‒1983), котиби КМ Комсомоли Тоҷикистон (1983‒1986), раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод; 1986‒1989), нозир, мудири бахш, ҷонишини мудири шуъбаи ҳизбӣ ва кадрҳои КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1989‒1990), раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи коргарӣ (1990‒1992), вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992‒1997), узви Комиссияи оштии миллӣ, раиси ҳайати ҳукумат дар давраҳои 1‒2, муовини ҳайати ҳукумат дар дигар давраҳо, раиси зеркомиссия доир ба масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ (1997‒2000), директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаи қарзи Бонки Ҷаҳонӣ барои барқарорсозии баъди низоъ дар минтақаи Рашт (1998‒2001), мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (2001‒2003), муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003‒2005), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 3-юм аз ҳавзаи интихоботии № 3 ноҳияи Қубодиён, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба этикаи вакилӣ (2005‒2006), вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006‒2010), раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010‒2020).
Ҷоизаву медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои «Дӯстӣ» (1997) «Шараф» (2000), медалҳои «10-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001), «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017), 2 Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1985) қадр шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Президенти халқ Эмомалӣ Раҳмонов: ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост. Д., 2000.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Раиси МН МО ҶТ Бойгонӣ шудааст 6 июни 2017 сол. // Сомонаи расмии МН МОҶТ
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуҳуров Шукурҷон / Ҳ. Қурбонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуҳуров Шукурҷон Бойгонӣ шудааст 31 августи 2014 сол.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 16 апрел
- Зодагони соли 1954
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Зарринтоҷ
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Дорандагони ордени Шараф
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Вазирони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон