Чоршанбе Аловатов
![]() Чоршанбе Аловатов дар озмуни Central Asia's Got Talent | |
Иттилооти асосӣ | |
Номи пурра | Аловатов Чоршанбе Ақназарович |
Таърихи таваллуд | 7 феврал 1998 (25 сол) |
Зодгоҳ | Хоруғ, ВМКБ |
Солҳои фаъолият | 2011 — то ҳол |
Кишвар |
![]() |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Барандаи шоҳҷоизаи озмуни Central Asia’s Got Talent |
Чоршанбе Аловатов (Аловатов Чоршанбе Ақназарович; 7 феврали 1998, Хоруғ, ВМКБ) — овозхони ҷавони тоҷик, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Истеъдодёбии Осиёи Марказӣ (2019)[1].
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Чоршанбе Аловатов 7 феврали соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст[2].
Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе Аловатов ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. Айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон мебошад[2].
То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардааст.
Иштирок дар озмунҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Чоршанбе Аловатов дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Чоршанбе ҳунарнамоиро дар саҳнаи бузург аз синфи шашум оғоз кардааст. Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни «Овози тилоӣ», дар жанри фалак ширкат карду соҳиби мақоми аввал шуд. Соли 2014 дар озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» низ суруде дар жанри фалак иҷро кард ва мақоми аввалро аз худ намуд[2].
Соли 2017 дар озмуни «Парвин» ҳунарнамоӣ карду боз соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид[2].
Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфта, дар жанри фюжен баромад кард ва дар озмуни «Bob Music Awаrds 2019», ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар бахши «Беҳтарин овоз» мақоми аввалро соҳиб шуд[2].
Пирӯзӣ дар Central Asia’s Got Talent[вироиш | вироиши манбаъ]
Чоршанбе Аловатов шоми 22 декабри соли 2019 дар мавсими аввали Central Asia’s Got Talent пирӯз шуд ва 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор сомонӣ ҷоизаи асосии озмунро соҳибӣ кард. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст омад[3][4].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ СУРАТ-ДАЛЕЛ. Чоршанбе Аловатов – ғолиби мутлақи шоу-озмуни Central Asia’s Got Talent(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (23 Декабри 2019). 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Аловатов гуфт, дар даври ниҳоии озмуни Central Asia Got Talent ба кадом забон месарояд(тоҷ.). Sputnik Tajik (21 Декабри 2019). 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Чоршанбе бо шоҳҷоизаи Central Asia's Got Talent ба Душанбе баргашт. САДО, АКС(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Чоршанбе Аловатов аз Тоҷикистон ғолиби Central Asia's Got Talent | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). asiaplustj.info. 23 Декабри 2019 санҷида шуд.