Шарофиддин Рустамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарофиддин Рустамов
Шарофиддин Рустамов
Таърихи таваллуд 1 май 1931(1931-05-01)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 12 май 2007(2007-05-12) (76 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе
Ҷоизаҳо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин, «Ветерани меҳнат», Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001).

Шарофиддин Рустамов — доктори илми филология (1972), профессор (1980). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2001). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарофиддин Рустамов солҳои 1946—1949 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент, 1949—1954 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1954—1961 муаллим ва директори мактаби миёна, мудири шуъбаи маданият, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, котиби Комиҷроияи шаҳри Панҷакент, 1961—1964 аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1965 то охири умр ходими илмӣ, мудири Шуъбаи забон ва сарходими илмӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1975—1985 ҳамчун муаллими ҳамкор дар кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият кардааст. Оид ба паҳлӯҳои мухталифи забоншиносӣ кори илмӣ бурдааст. Мудири шуъбаи забони адабии ҳозираи тоҷик (1976—1991), сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (1991—2007).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забоншиносӣ, грамматикаи забони тоҷикӣ. Дар зарфи фаъолияти илмии хеш зиёда аз 220 таълифоти илмию методӣ, аз ҷумлаи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмиву оммавӣ нашр намудааст. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои миёна, 1967), яке аз муаллифон ва роҳбару муҳаррири «Забони адабии тоҷик» (2 қисм) (барои мактабҳои олӣ, 1970—1973) мебошад. Асару мақолаҳои ӯ дар муайян намудани усулу қолабҳои калимасозии забони тоҷикӣ ва назарияи мукаммали ин соҳаи душвори забоншиносӣ саҳми бениҳоят калон доранд. Рушду камоли забоншиносии тоҷик ва равияҳои нави тадқиқи забони тоҷикӣ бо номи ин олими бузург ва шинохта марбут аст. Инчунин ӯ яке аз муаллифони асосӣ ва муҳаррири масъули «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (3 ҷилд) (1985, 1986, 1989) аст. Саҳми ӯ дар таҳияи лоиҳаи «Қонуни забони Тоҷикистон» (1989), Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ва Имлои забони тоҷикӣ (1998) низ калон аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаи пайрави сабаб, Д., 1968;
  • Таснифоти ҳиссаҳои нутқ, Д., 1972;
  • Калимасозии исм, Д., 1972;
  • Сарчашмаи файзбахши забони тоҷикӣ, Д., 1977;
  • Забон ва замон, Д., 1981;
  • Исм, Д., 1981;
  • Мушкилоти синтаксис, Д., 1989;
  • Мақоми забон, Д., 1996;
  • Давлати Сомониён ва забони адабии тоҷик, Д., 1999;
  • Каломи Лоиқ, Д., 2003.

Мукофот ва ҷойизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медалҳои "Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин, «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[1] Ҳамчунон ӯ Лауреати мукофоти Маҳфили адабии «Боргоҳи сухан» (1998) аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ.. — Д.: Дониш, 2011. — 216 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]