Шарофиддин Туйчиев (тав. 24.10.1943, ноҳияи Вахш), физики тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1991), профессор (1993). Узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоыикистон. Солҳои 1960–1965 дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1965–1981 ходими калони илмии лабораторияи проблемавии «Физикаи мустаҳкамии полимерҳо» ва ҳамзамон 1966–1969 аспиранти донишгоҳи номбурда буд. Солҳои 1981–1990 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Айни ҳол мудири лабораторияи проблемавии «Физикаи мустаҳкамии полимерҳо» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Оид ба физикаи мустаҳкамии полимерҳо корҳои илмию тадқиқотӣ бурда, зиёда аз 104 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ ба нашр расонидааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.
- Деформационное и термическое поведение ориентированных полимерных систем. — Худжанд, 1992.
- Методы исследования свойств и структуры биополимеров. — Худжанд,, 2000.
- Дискретный спектр физических свойств и природа разрушения полимеров. — Д.: Дониш, 2005.